Салимзода дар бораи интихобот: Раҳмон ягона номзади арзанда аст
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, номзадияшро дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон намегузорад ва аз Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунад.
Салимзода гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ягона нафари арзандаи президентист, ки метавонад ва миллатро нигоҳ дорад ва барои мисол кишвари ҳамсоя Афғонистонро мисол овард, ки солҳо боз мубталои парешонист.
Додситони кул инчунин суолро дар мавриди пешиҳоди номзадияш дар интихобот правокатсионӣ хонда, аз рӯзноманигорон даъват намуд, ки аз додани чунин суолҳо худдорӣ намоянд.
Аз ин пештар Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, гуфта буд, президент шудан дониш ва тавоноии бештар мехоҳад, ки чунин қобилиятро надорад. Вай бо ин ҳарфҳои худ иштирокаш ба ҳайси номзад дар интихоботи президентии Тоҷикистонро рад кард. Бо ин ҳол, оқои Зарифӣ гуфт, бовар дорад, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон орому шаффоф баргузор ва нафари арзанда интихоб хоҳад шуд.
Инчунин Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, имкони иштирокаш дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистонро, ки қарор аст моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор гардад, рад кард. Оқои Расулзода, ки рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд суҳбат мекард, афзуд, “мо пеш аз ҳама бояд он вазифае, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ва мардум бароямон гузошта шудааст, иҷро кунем. Намедонам, аз кори ман мардум ва ҳукумати ҷумҳур розӣ ҳастанд ё не. Аз ин рӯ, бояд камбудҳоямонро ислоҳ кунем.” Раиси вилояти Суғд афзуд, талошаш бештар рӯи ин аст, ки сазовори мақоми худ бошад ва корашро ба ҳайси раҳбари вилоят беҳтар анҷом диҳад. “Боз мегӯям, ман дар ин бора боре ҳам фикр накардаам ва намекунам”,-таъкид кард ӯ.