Депутати рус барои қатли як тоҷик 8 моҳ ҳабси хонагӣ шуд
Додгоҳи Воронежи Русия вакили Шӯрои мардумии деҳоти Семикулро, ки дар қатли шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам мешавад, танҳо ба муддати 7 моҳ ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард.
Ин намояндаи мардумии рус, ки 51 сол дораду аз ӯ Сергей Плеханов ном мебаранд, шоми 28-уми феврали соли 2012 дар пайи задухӯрде бо шаҳрвандони Тоҷикистон, яке аз онҳоро сахт захмӣ намудааст, ки баъд аз се рӯзи бистарӣ шудан дар беморхона ба ҳалокат расида буд.
Ин дар ҳолест, ки алайҳи Сергей Плеханов парвандаи ҷиноӣ бозгардида, интизор мерафт, тибқи моддаи “расондани зарари ҷисмонӣ, ки мунҷар ба ҳалокат расидани шахси ҷабрдида мешавад”, ба муддати 15 сол равонаи зиндон шавад. Вале додгоҳ ин қазияро ба нафъи Плеханов ҳал намуда, гуфтааст, ин намояндаи мардумии рус танҳо аз худ дифоъ кард.
Расонаҳои русӣ сабаби ба миён омадани ин задухӯрдро сухани таҳқиромези Плеханов “Бубин, қазоқчаҳо омадан” унвон менамоянд, ки ҳангоми вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба мағоза ба онҳо гуфтааст.
Ҳоло Сергей Плеханов вазифаи худро ба ҳайси намояндаи мардумӣ идома дода, танҳо ҳангоми хориҷ шудан аз қаламрави ноҳия аз мақомоти пулис иҷоза мегирифтааст.