Салимзода: Фармондеҳони Бадахшон мехостанд роҳбариро ба даст гиранд
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 22-юми июл дар арафаи солгарди амалиёти низомӣ дар Хоруғ, бори дигар фаъолияти созмонҳои ҷиноӣ дар Бадахшонро зикр карда, таъкид намуд, ки онҳо мехостанд, давлатро фиреб диҳанд.
Салимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “ин гуруҳҳои ҷиноӣ аз соли 1997 фаъолият доштанд. Он чор нафар яроқи худро насупориданд ва аз дигар ҷойҳо яроқ оварда, ҷавононро фирефта намуданд ва хостанд давлатро низ фиреб кунанду роҳбариро дар Бадахшон ба даст гиранд.”
Додситони кулл зикр кард, баъд аз амалиёти низомии 24-уми июл дар Хоруғ 325 адад яроқи вазнин, 116 автомат ва дигар силоҳҳо мусодира шуданд. Ӯ бо изҳори таассуф афзуд, нафаронеро, ки дар дар ин амалиёт кушта шудаанд, баргардонда намешавад. Шерхон Салимзода гуфт, зимни амалиёти низомӣ дар Хоруғ 21 узви гуруҳҳои ҷиноӣ ба ҳалокат расида, аз миёни кормандони мақомот 18 нафар кушта ва 45 нафар захмӣ шудаанд.
Амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июли соли гузашта, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч бо гузашти тақрибан як сол аз ҳодисаҳои Хоруғ, маркази Бадахшон, мегӯяд, дар ин ноамниҳо 20 сокини осоишта ҷони худро аз даст дода буданд.
Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов дар баробари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Имомназар Имомназаров, аз чор “қумандон”-и маҳаллии Бадахшон маҳсуб меёбанд, ки тобистони соли гузашта додситонӣ онҳоро қочоқи маводи мухаддир, сангҳои гаронбаҳо ва қочоқи духтарон ва барои саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам карда буд. Аз инҳо соли гузашта зимни як даргирии мусаллаҳона, Имомназар Имомназаров кушта шуда буд.