Мақоми дувуми Сабина Шамсэд дар “Мейкин Осиё”
Сабина Шамсед, овозхони тоҷик, дар ҷашнвораи байналмилалии “Мейкин Осиё”, ки дар Қирғизистон баргузор гардид, мақоми дуюмро касб кард.
Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии дӯстдоштаи “Мейкин Осиё” аз 18-ум то 20-уми июли соли ҷорӣ дар соҳили Исиқ-Кӯл баргузор шудаааст. Дар ин ҷашнвора Сабина Шамсед сарояндаи тоҷик ва ду сарояндаи дигари қирғиз Ислом Акматов ва Курал Чокоев ҷои дуюмро соҳиб шудаанд.
Ҷои аввал дар ҷашнвораи мазкур насиби Владислав Леветский гардида, ба мақоми сеюм Христина Дорошенко аз Русия, Азим Уулу Адилет аз Қирғизистон, Ли Ҷентао аз Чин, Ана Аганесян аз Арманистон муносиб дониста шудаанд. Гран-прии ин ҷашнвораро Димаш Кудайберген сарояндаи қазоқ ба даст овардааст.
Ҷоизаи бузурги ҷашнвора 7 ҳазор доллар, ҷои якум - 4 ҳазор доллар, ҷои дуюм - 2 ҳазор доллар ва ҷои сеюм - 1 ҳазор доллар мукофоти пулӣ доштаанд.