Бекназаров дар бораи Ҳаҷҷи бе навбат ва мошин барои пахтачинӣ
Саъдулло Бекназаров, раиси Қубодиён, дар як нишасти хабарӣ дар ин ноҳия гуфт, онҳое, ки писаронашонро ба артиш сафарбар мекунанд, бе навбат ба Ҳаҷ хоҳад фиристод.
Оқои Бекназаров ба суоли хабарнигорон дар бобати ҷой доштан ё надоштани даъвати мактаббачаҳо ба сафи артиш дар ноҳия гуфт, дар давоми фаъолияти кӯтоҳи кораш ду нафарро сафарбар кардаанд.
“Ду талабаи мактабе, ки равон кардем, худро бардурӯғ аз синфашон мемононданд. Инҳо 19-сола буданду ба 20 медаромаданд. Якеаш мегӯяд, ки падарам зан диҳад, баъд мактабро тамом мекунам”,-гуфт Саъдулло Бекназаров ва таъкид кард, ки дар ин маврид комиссияи даъват ба сафи артиш ҳақ аст. Баъдан номбурда гуфт, кишоварзони ноҳия дар вилояти Хатлон аввалин шуда ба чиниши пахта оғоз карданд.
“Гуфтанд, Бекназаров барои як гули пахта як мӯйсафеду як кампирро 1000 сомонӣ мукофот додааст. Ман барои пешравии кор додам ва боз медиҳам. Кадом хоҷагие аввалин шуда нақшаи пахтасупориро иҷро намояд, ба раиси он ва раиси ҷамоат то автомобил туҳфа менамоям. Ман ҳатто як дафъа мошини шахсиамро низ тақдим кардаам”,-афзуд раиси ноҳияи Қубодиён.