Ҳабси якумрии шаҳрванди 30-солаи Узбакистон дар Русия
Додгоҳи олии Татаристони Русия як шаҳрванди 30-солаи Узбакистонро ба ҳабси абад маҳкум кард.
Ин шаҳрванди Узбакистон, ки аз ӯ Фарух Тошбоев ном бурда шудааст, дар одамрабоӣ, таҷовуз ба номус ва куштор муттаҳам мешавад.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, Фарух Тошбоев рӯзи 2-юми феврали соли ҷорӣ Василиса Голотсина, духтарчаи 8-солаи русро, ки сокини Соҳили Челнов мебошад, дуздида, баъд аз таҷовуз ба номус ба таври ваҳшиёна ба қатл расондааст.
Ин духтараки 8-солаи рус рӯзи 2-юми феврал баъд аз поёни соати дарсӣ аз мактаб берун шуда, бедарак шуда буд. Ба ҷустуҷӯи Василис Голотсина беш аз 8 ҳазор валантёр баромада буд. Бо гузашти се шабонарӯз Фарух Тошбоев ба ҳайси гумонбар боздошт гардида, баъд аз бозпурсӣ маконеро, ки дар он духтарчаи 8-соларо дафн карда буд, ифшо кард.