“Ором бошед! Кӯли Сарез дар ҷояш асту хавф надорад”
Масъулони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ё фавқулодаи Тоҷикистон вазъи кӯли “Сарез”-ро хубу бехатар арзёбӣ карданд.
Абдусаттор Хушвахтов, муовини аввали раиси Кумита рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт: “Мо ба наздикӣ ҳамроҳи як гурӯҳи кории кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз мавзеи кӯли “Сарез” аз ин мавзеъ боздид кардем. Мо зина ба зина пиёда то ба маркази Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки дар он ҷо ҳаст, баромада рафтем. Вазъи кунунӣ дар “Сарез” хуб аст.”
Ба гуфтаи Хушвахтов, қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳам барои ташкили як базаи истироҳатӣ дар наздикиҳои ин кӯл содир. “Агар ин базаи истироҳатӣ ё туризм ташкил карда шавад, бисёр хуб аст. Агар базаи туризм ташкил карда шавад, сохтори мо низ ташаккул меёбад ва дигар корҳоро пеш мебарад дар он ҷо. Метавонед ором бошед, кӯли Сарез бе хавф аст”,-афзуд, Абдусаттор Хушвахтов.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон оби кӯли «Сарез»-ро барои панҷуним миллион сокини минтақа хатарбор унвон карда буд. Талбак Салимов, раиси ин кумита, рӯзи 16-уми июл гуфта буд, "агар дар «Сарез» ягон ҳодиса сар занад, мақомоти тоҷик фақат системаи хабардоркунӣ дар даст доранд, ки хабар медиҳанд, то мардум аз минтақаҳои ғарқшавӣ бароянд."