Генерал Раҳимов: Дар амалиёти Хоруғ геополитика набуд
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар арафаи яксолагии амалиёти низомии 24-уми июл дар Хоруғ, гуфт, ин амалиёт танҳо ба зидди гуруҳҳои муташаккил равона шуда буд.
Раҳимов, имрӯз, 19-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, дар ин амалиёт ягон геополитика набуд: “Мардуми оддиро касе таъқиб накардааст. Созмонҳои ҷиноӣ муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд, ки шоҳиди он будем. Айни ҳол онҳо нобуд ва чанде дастгир шудаанд.”
Рамазон Раҳимов, эътироф кард, ки “мутаассифона зимни амалиёт якчанд бегуноҳ низ мумкин фавтиданд, ки айни ҳол мавриди тафтиш қарор дорад.” Дар маҷмуъ ба гуфтаи вазир имрӯз мардуми Бадахшон шукри ободию тинҷӣ мекунанд, “ташаккур мегӯянд, ки созмонҳои ҷиноиро нобуду дастгир кардем.”
Ба суол, ки аз чор нафар, ки мақомоти тоҷик соли гузашта онҳоро саркардаҳои олами ҷиноии Бадахшон гуфта буданд, айни ҳол танҳо як нафараш кушта шудаасту боқӣ дар озодиянд, вазири умури дохилии Тоҷикистон посух дод, ки “агар далеле барои роҳбари созмони ҷиноӣ гуфтани ин афродро доред, ироа кунед, мо меомӯзем. Аз рӯи иттиҳомоти қаблан эълонкарда мо кор карда истодаем.”
Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов дар баробари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Имомназар Имомназаров, аз чор “қумандон”-и маҳаллии Бадахшон маҳсуб меёбанд, ки тобистони соли гузашта додситонӣ онҳоро қочоқи маводи мухаддир, сангҳои гаронбаҳо ва қочоқи духтарон ва барои саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам карда буд. Аз инҳо соли гузашта зимни як даргирии мусаллаҳона, Имомназар Имомназаров кушта шуда буд.
Амалиёти низомӣ дар Хоруғ 24-уми июли соли гузашта, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров оғоз шуда, даҳҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт. Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч бо гузашти тақрибан як сол аз ҳодисаҳои Хоруғ, маркази Бадахшон, мегӯяд, дар ин ноамниҳо 20 сокини осоишта ҷони худро аз даст дода буданд.
Агарчӣ ба қавли ин созмон, мақомоти расмӣ теъдоди қурбониёни ин амалиёт аз ҳисоби сокинони осоиштаро ҳамагӣ шаш нафар донистаанд.
Дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони мусаллаҳ дар Хоруғ моҳи июли соли гузашта, аз ҷумла Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи бадахшонии ҲНИТ ва ҳамчунин Имумназар Имумназаров, яке аз фармондеҳони собиқ, кушта шуда, чанд тани дигар, аз ҷумла Шерик Карамхудоев (раҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ) ва дигарон боздошту зиндонӣ гардиданд.