Қирғизистон торнамои узбакии «harakat»-ро баст
Додситони кулли Қирғизистон гуфтааст, торнамои узбакии «harakat.net» аз моҳи май то моҳи июни соли равон матлабҳоеро нашр кардааст, ки ба низои қавмӣ миёни қирғизҳо ва узбакҳо даъват мекунад.
Тибқи хулосаи Донишгоҳи давлатии Уш, матлабҳое, ки «нarakat.net» чоп кардааст, “эҳсоси манфии намояндаҳои ду миллатро ба вуҷуд оварда, сабаби низоъ ва даргирӣ дар пояи нажодпарастӣ мешаванд».
Додситони кулли Қирғизистон бо назардошти ин ки идея ва нигоҳҳои дар мақолаҳои «harakat.net» зикршуда тарғибгари бадбинии як миллат нисбат ба миллати дигар аст ва ҳамчунин мазмуни сепаратистӣ доранд, бо мақсади таъмини амнияти миллии Қирғизистон ва ҷилавгирӣ аз эҳтимоли сар задании эътирозҳо миёни намояндаҳои ду миллат барои ғайриқонунӣ донистани ин торнамо ва масдуд кардани он дар қаламрави ин кишвар ба суд ариза ирсол шудааст. Додгоҳи шаҳри Уш ҳам аризаро қонеъ кардааст.
Торнамои «harakat.net» дар қаламрави Узбакистон ҳам масдуд аст. Мақомоти Узбакистон онро як сомонаи оппозитсионӣ медонанд.
«harakat.net» худро як Оҷонсии мустақили хабарӣ муаррифӣ карда, бо забонҳои узбакӣ, русӣ ва англисӣ хабару мақола нашр мекунад.