Қоҳир Расулзода гуфт, номзадияшро дар интихобот намегузорад
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, имкони иштирокаш дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистонро, ки қарор аст моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор гардад, рад кард. Ӯ гуфт, ҳоло дар ин бора фикр накардааст ва намедонад, то куҷо ҳукумат ва мардум аз кори ӯ розиянд.
Оқои Расулзода, ки рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд суҳбат мекард, афзуд, “мо пеш аз ҳама бояд он вазифае, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар ва мардум бароямон гузошта шудааст, иҷро кунем. Намедонам, аз кори ман мардум ва ҳукумати ҷумҳур розӣ ҳастанд ё не. Аз ин рӯ, бояд камбудҳоямонро ислоҳ кунем.”
Раиси вилояти Суғд афзуд, талошаш бештар рӯи ин аст, ки сазовори мақоми худ бошад ва корашро ба ҳайси раҳбари вилоят беҳтар анҷом диҳад. “Боз мегӯям, ман дар ин бора боре ҳам фикр накардаам ва намекунам”,-таъкид кард ӯ.
Қоҳир Расулзода соли 2006 иҷрокунанда ва соли 2007 раҳбари вилояти Суғд, минтақаи шимоли Тоҷикистон, таъин гардида, дар ин мақом Қосим Қосимовро иваз кард, ки ҳоло вазири кишоварзист. Оқои Расулзода ҳамзамон муовини аввали раиси Маҷлиси Миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон мебошад.
Аз моҳи январи соли 2000 то моҳи декабри соли 2006 вазири обу обёрии Тоҷикистон буд.