Вазири тоҷик: Мухолифи лағви ҳукми қатлам
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 19-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, “шахсан мухолифи лағви ҳукми қатлам, зеро баъзан дар кишвар ҷиноятҳои даҳшатоваре сар мезананд, ки бахшидани онҳо имкон надорад ва мумкин ҳам нест.”
Баробари ин Раҳимов афзуд, ки меъёрҳои байналмилалӣ мавҷуданд, ки Тоҷикистон низ бояд онҳоро тасвиб кунад ва айни ҳол масъалаи лағви ҳукми қатлро дар Тоҷикистон гуруҳи махсуси корӣ омӯхта истодаанд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран дар мулоқот бо раҳбари Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, хонум Рут ДРЕЙФУС таъкид кардааст, ки дар кишвар аз моҳи апрели соли 2010 доир ба зарурати берун кардани ҳукми қатл аз қонунгузории кишвар гурӯҳи корӣ фаъолият дорад: “Давлати Тоҷикистон мавқеи ниҳоии худро доир ба ин масъала дар асоси хулосаҳои ин гурӯҳи корӣ, ки бо назардошти афкори ҷомеа ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бароварда мешавад, муайян хоҳад кард.”
Раисиҷумҳур гуфт, дар Тоҷикистон аз соли 2004 то имрӯз ҳукми қатл умуман таъин ва татбиқ нашудааст ва дар солҳои 1998 то 2003 ҳам татбиқи ин ҳукм хеле маҳдуд будааст: “Аз соли 2004 ба ин сӯй ба ин кор дар Тоҷикистон мороторий эълон шудааст. Аз моҳи марти соли 2005 ба ҷойи ҳукми қатл ҷазои якумра маҳрум намудан аз озодӣ таъин карда мешавад.”
Айни ҳол дар 130 давлати дунё ҷазои қатл бекор карда шудааст ва дар беш аз 60 давлати дигар ин намуди ҷазо татбиқ карда мешавад. Аз ҷумла дар якчанд иёлоти ИМА, давлатҳои Араб, Эрон, Покистон, Чин, Ҷопон ва ғайраҳо шаклҳои гуногуни ҷазои қатл татбиқ карда мешаванд. Дар 30 давлати дунё бошад ба татбиқи ҷазои қатл моратория эълон шудааст.