Тамринҳои шабонаи пулис барои парокандасозии гирдиҳамоиҳо дар интихобот
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, маъмурини пулис шабонгоҳҳо барои таъмини амният дар интихобот ва парокандасозии гирдиҳамоиҳо дар Душанбе тамринҳо мекунанд.
Раҳимов, имрӯз, 19-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, барои амнияту ҷилавгирӣ аз гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ дар арафаи интихобот дар майдонҳои пойтахт шабонгоҳҳо омодагиҳо мебинанд.
Вазир инчунин таъкид кард, ки соли равон мизони ҷинояткорӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст. Ба иттилои ӯ дар шаш моҳи аввал дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 361 ҷиноят сабт шудааст ки нисбати соли гузашта 10,1% ё 957 ҷиноят зиёд мебошад.
Баробари ин вазирати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон 458 ҷасади муҳоҷирон интиқол дода шудаанд. Ба иттилои вазир аз ин рақам 41 нафарашон кушта, 34 нафарашон дар садамаҳо ва боқӣ дар пайи ҳодисаҳои дигар ҳалок гардидаанд.
Дар мавриди лоиҳаи шаҳри бехатар, ки дар доираи он то моҳи ноябри соли равон дар Душанбе насби беш аз 800 камераҳо дар назар аст, Рамазон Раҳимов гуфт, ки бархе мушкилиҳои молиявӣ пайдо шуданд: “Айни ҳол ҳамааш ҳал шуда, то моҳи ноябр татбиқи лоиҳаи шаҳри бехатар дар Душанбе таъмин хоҳад шуд.”
Инчунин вазир таъйид кард, ки реҷаи кор дар дискоклубҳои Душанбе таъмин намегардад. Ӯ гуфт, давоми шаш моҳи соли равон дар 15 дискоклуби пойтахт 441 нафар барои қонунвайронкунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.