Боздошти 4 узви дигари гуруҳи “Мулло Абдулло”
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 19-уми июл зимни нишасти матбуотӣ аз боздошти 4 узви дигари гуруҳи ҷиноии Абдулло Раҳимов, мулаққаб бо “Мулло Абдулло” хабар дод.
Ба гуфтаи вазир ин афрод, дар шашмоҳаи аввали соли равон боздошт шуда, дар содир намудани беш аз 11 ҷиноят муттаҳам мешаванд. Рамазон Раҳимов афзуд, ки дар нимсолаи аввал инчунин 12 узви ташкилоти террористии Ҳаракати исломии Узбакистон, 11 аъзои чамоати "Ансоруллоҳ", 3 узви ташкилоти террористии "Ҷундуллоҳ" ва 1 нафар аз "Ҳизб ут Таҳрир" дастгир шудаанд.
Мулло Абдулло аз собиқ фармондеҳи мухолифини Тоҷикистон мебошад, ки дар нооромиҳои солҳои 2009-2011 дар шарқи кишвар муттаҳам мешавад. Нооромиҳо дар шарқи Тоҷикистон аз ҳамлаи гурӯҳҳои силоҳбадаст ба афсару сарбозони Вазорати дифоъ дар дараи Камароб, ки 19-уми сентябри соли 2010-ум рух дод, оғоз гардиданд. Дар пайи ин амалиёти густурдаи нерӯҳои ҳукуматии Тоҷикистон зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ оғоз ёфт, ки бо куштори Мулло Абдулло, раҳбари гурӯҳҳои мусаллаҳ, дар санаи 16-уми апрели соли 2011-ум анҷом пазируфт. Қаблан мақомот эълон доштанд, ки дар ҳудуди Рашт гурӯҳи мусаллаҳ пурра нобуд карда шуд.