Оҷонсӣ: Зайд Саидов аз духтари ноболиғ фарзанди семоҳа дорад
Оҷонсии зидди фасод бо пахши як иттилоия мегӯяд, 16-уми июли соли равон алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Оҷонсӣ мегӯяд, ба ин ниҳод ноболиғ шаҳрванд «А» бо ариза муроҷиат намуд, ки гӯиё Зайд Саидов ба номуси у таҷовуз кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, “зимни баррасии аризаи мазкур муайян карда шуд, ки Саидов З.Ш. моҳи апрели соли 2008 дар Душанбе дидаю дониста, ки шаҳрванд «А» 14-сола аст, бо роҳи фиреб ба як хонаи истиқоматӣ бурда, ӯро ба воситаи нушокии мадҳушкунанда беҳуш кардаву аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода ва ба номусаш таҷовуз мекунад. Ҳамин тавр, Саидов З.Ш. аз сарватмандию дороии худ истифода намуда, ба тақдири минбаъдаи ноболиғ «А» бе эътиноии маҳз зоҳир намуда, аз моҳи апрели соли 2008 то моҳи августи соли 2012 аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода карда, бо роҳи таҳдиди зӯроварӣ, мунтазам алоқаи ҷинсӣ карданашро бо ӯ давом медиҳад. Дар давраи солҳои 2008-2012 дар натиҷаи алоқаҳои ҷинсии мунтазами Саидов З.Ш. бо шаҳрванд «А», номбурда се бор ҳомиладор мешавад. Саидов З.Ш. бо мақсади он ки кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ ошкор нагардад, дар ин се ҳолат шаҳрванд «А»-ро барои исқоти ҳамл кардан маҷбур месозад, ки дар натиҷа охирин аз ноилоҷӣ дар ин се ҳолат исқоти ҳамл менамояд.”
Дар иттилоияи пахшкардаи Оҷонсӣ омадааст, “аз ин ҳолати ногувори шаҳрванд «А» модари ӯ огаҳӣ пайдо карда, бо Саидов З.Ш. вомехӯрад, ки дар натиҷа Саидов З.Ш. барои гумроҳ намудани модари шаҳрванд «А» ба модари ӯ ваъда медиҳад, ки оид ба ин воқеа ба касе хабар надиҳад ва худи Саидов З.Ш. духтари ӯро ба занӣ гирифта, шароити зиндагонияшро таъмин мекунад. Саидов З.Ш. ӯро тарсонда таҳдид менамояд, ки дар акси ҳол онҳо нисбати ӯ чора андешида наметавонанд ва худро беобрӯ месозанд.”
Масъулини Оҷонсӣ меафзоянд, “сипас, Саидов З.Ш. бо мақсади он ки кирдорҳои ғайриқонунии ӯ ошкор нагардад, моҳи августи соли 2012 шаҳрванд «Б»-ро 1300 доллари амрикоӣ дода, боз ба ӯ маблағи пулии зиёд ваъда карда, ба издивоҷ кардан бо шаҳрванд «А» моил менамояд ва ба ӯ ваъда медиҳад, дар сурати розӣ кунонидани шаҳрванд «А» ва оила барпо карданашон, барои онҳо аз ҳисоби худаш ҳавлии истиқоматӣ харида, туйи домодию арӯсии онҳоро бо дараҷаи олӣ дар беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе мегузаронад.”
Ба гуфтаи масъулини Оҷонсии зидди фасод, духтурони генеколог ба шаҳрванд “А” тавсия додаянд, ки баъди барзиёд анҷом додани исқоти ҳамл мумкин аст, ӯ безурёт шавад: “Бинобар ин, баъд аз маротибаи чорум ҳомиладор шуданаш аз Саидов З.Ш. пинҳон шуда, фарзанд таваллуд мекунад, ки ин фарзанди ӯ ҳоло семоҳа мебошад.”
Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав иттиҳоми нави Оҷонсии зидди фасод дар бораи таҷовуз ба номусро рад кардааст. Дар ин бора Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи оқои Саидов, ба “Озодагон” хабар дод. Вай гуфт, Зайд Саидов дар посух ба суоли муфаттишони Оҷонсӣ гуфтааст, духтареро, ки аз болои ӯ ба иттиҳоми таҷовуз ба номус шикоят бурдааст, намедонад ва робита ҳам надоштааст.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Қаблан мақомот алайҳи Саидов иттиҳомот ба сӯистифода аз мансаб, пора, қаллобӣ ва бисёрзанӣ пеш гузошта буданд.