Вазорат далели барканории раиси Барқи тоҷикро шарҳ дод
Вазорати кор ё меҳнати Тоҷикистон далели барканории Абдулло Ёров аз мақоми раиси ширкати “Барқи тоҷик”-ро шарҳ дод.
Наврӯз Самадов, мудири Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии 18-уми июл ба хабарнигорон гуфт, таъхири маоши кормандони ширкати “Барқи тоҷик” яке аз сабабҳои барканории оқои Ёров будааст. Ба қавли ӯ, “мо иттилоъ дорем, ки кормандони “Барқи тоҷик” се - чор моҳ боз маоши худро нагирифтаанд. Сабаби ин ба суратҳисоби бонкии “Барқи тоҷик” нагузаштани маблағ мебошад.”
Аммо оқои Самадов нагуфт, ки пули кормандони “Барқи тҷоик” бояд ба кадом бонк мегузашт, ки ба таъхир афтодааст. Бо ин ҳол, ӯ гуфт, “ҳоло ин масъаларо баррасӣ дорем. Рӯзҳои наздик ин мушкил ҳалли худро меёбад. Ба он нафароне, ки маоши худро нагирифтаанд, маош дода мешавад.”
Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи Тоҷик», рӯзи 11-уми июл бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз мақомаш барканор гардид. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон далели барканории Ёровро ба вазъи саломатии ӯ марбут дониста буд. Ҳоло Аслӣ Назаров раиси нави ширкати “Барқи тоҷик” таъин шудааст.
Абдулло Ёров се соли пеш бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ба мақоми раиси ширкати “Барқи тоҷик” таъин ва дар ин вазифа Санъат Раҳимовро иваз карда буд.