Тоҷикматлубот: Пешхизмати ҳирфаӣ омода мекунем
«Агар дархост кунанд, мо омода ҳастем барои тарабхонаву чойхонаҳои кишвар пешхизматҳои ҳирфавӣ тайёр кунем», гуфт Сироҷиддин Валиев, раиси иттифоқи «Тоҷикматлубот».
Тибқи иттилоъ, феълан дар аксари тарабхонаву чойхонаҳо бархе аз тоҷикдухтарҳо бо либоси нимбараҳна (миниюбка) ва дур аз фарҳанги миллӣ ба хизматрасонӣ машғуланд, бинобар ин, омода намудани чунин пешхизматҳо барои ҷомеаъ як амри зурурист.
Сироҷиддин Валиев афзуд, айни ҳол донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2011-2012 ду гурӯҳи буҷавӣ барои тайёр кардани мутахассисони технолог ва молшинос ташкил кардаанд. Ба гуфти ӯ, шумораи донишҷӯёни ин гурӯҳҳо дар маҷмӯъ 50 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. {jathumbnail off}