Раисони Вахшу Бохтар гуфтаанд, тавони иҷрои фармони президентро надоранд
Раисони навоҳии Бохтар ва Вахш гуфтаанд, тавони фароҳам кардани шароити хуби корӣ барои нозирони минтақавиро, ки ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бора фармони махсус содир карда буд, надоранд.
Абдуалим Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтар гуфт, барои нозирони минтақавӣ маблағи бениҳоят калон хоста шудааст: “Танҳо аз ҷамоати Бӯстонқалъа нозирони минтақавӣ таги 25 ҳазор сомонӣ фақат барои таъмир хостанд. Мо дар 7 ҷамоат нозирони минтақавӣ дорем ва ҳисоб кардем, барои ҳамаи онҳо зиёда аз 140 ҳазор сомонӣ даркор аст. Мо ҳоло имкони пардохти ин маблағро надорем, вале ба ШВКД-и ноҳия зиёда аз 35 ҳазор сомонӣ барои таъмири бинояш ҷудо карда будем. То охири сол мувофиқи имкониятамон чораҷӯӣ мекунем. Мактуби вазири корҳои дохилиро гирифта будем.”
Бароталӣ Юсуфов, раиси ноҳияи Вахш, низ мегӯяд, бақияи озод надорем, ки нозирони минтақавиро бо асп ва дигар хостаҳояшон таъмин намоем, аммо 16 нафари онҳоро бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намудем.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар гузориш додааст, ки бархе аз ҳукуматҳои маҳаллӣ фаромини раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро иҷро намекунанд.
Ин ниҳоди қудратӣ ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Роғун, Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳисор, Тавилдара, Ҷиргатол, Рашт, Бохтар, Вахш, Қубодиён, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Фархор, Шӯрообод, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Истиқлол ва Шаҳристонро номбар карда, таъкид намудааст, ки масъулини онҳо фармони раисиҷумҳурро дар бораи беҳтар намудани шароити кори нозирони минтақавӣ сарфи назар мекунанд.