“Вашингтон Пост” Тоҷикистону ҳамсояҳояшро диктатурӣ ва ақибмонда хонд
The Washington Post, нашрияи амрикоӣ, кишварҳои Осиёи Миёнаро диктатурӣ ва давлатҳои ақибмонда аз нигоҳи иқтисодӣ хондааст.
Ин нашрия навиштааст, “баъд аз ду даҳаи фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ 5 кишвари узви собиқи Осиёи Марказиаш ба давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ ақибмонда ва диктатурӣ табдил ёфтаанд.”
Ба навиштаи ин нашрия, хушунат ба як абзори аслии ҳукумати ин кишварҳо мубаддал гардида, дар бархе ҳолат он ҳамчун мубориза алайҳи терроризм маънидод мешавад: “Дар ин кишварҳо рӯзноманигору сиёсатшиносоне, ки талоши нигоҳ доштани мустақилияти худро доранд, ҳамеша таҳти фишор қарор дошта, гоҳе паси панҷара мешаванд.”
The Washington Post мегӯяд, бар асоси гузориши Созмони Авфи байналмилал, бюрократияи пулиси ин кишварҳо ҳамеша пайи истирдод кардани паноҳандагони сиёсӣ ба кишварҳои ҳамдигар машғул мебошанд, ки мунҷар ба мавриди шиканҷа шудани шаҳрвандони бегуноҳ мегардад. “Соли 2001 чаҳор кишвари ин минтақа дар ҳамдастӣ бо Русия ва Чин конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳиро ба тасвиб расонданд, ки бар асоси он аъзои он метавонанд, дар мавриди боздошту истирдоди афроди таҳти пайгарди қонун қарордошта, ҳамкорӣ кунанд”,-омадааст дар матлаби The Washington Post.
Нашрия меафзояд, “мушкил инҷост, ки аксари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои собиқ Шӯравӣ эҳтироми каме ба ҳуқуқи инсон ва ҳокимияти қонун қоиланд. Аз ин рӯ, ҳар нафареро ки онҳо террорист меноманд, террорист гардида, бояд ба он ҷавоб гӯяд.”