Шикояти Афғонистон аз “муносибати нохуби” Узбакистон
Афғонистон мегӯяд, далели аслии рушд накардани иқтисоди шимоли ин кишвар муносибати нохуби ҳамсояаш Узбакистон мебошад.
Ба иттилои оҷонси хабарии “Рajhwok” Муҳаммад Ҳошим, раиси умури тиҷорат ва саноати вилояти Балхи Афғонистон, 16-уми июл зимни нишасти хабарие аз равобити ҳамсоякишвари узбаки худ норозигӣ намудааст. Ӯ гуфтааст, “мушкилоте, ки мо имрӯз дар арсаи савдо дар шимоли кишвар дорем, ин бандари Ҳайратон мебошад. Албатта, сабаби аслии ин, адами муносибати тиҷории хуби ҳамсоя кишварамон Узбакистон мебошад.”
Ба гуфтаи ӯ, дар гузашта ҳаҷми содирот ва воридоти коло тариқи бандари Ҳайратон дар як шабонарӯз ба 200 вагон (сандуқи маводи содироту воридоти ин бандар) мерасид. Вале имрӯз он ба 20 вагон баробар намешавад.
Ин мақоми афғон мегӯяд, тиҷорат дар Осиёи Миёна шакли мафияро ба худ касб кардааст. Аз ин рӯ, равобити тиҷории Кобулу Тошканд ба таври дилхоҳ рушд намекунад: “Дар он тарафи дарёи Амӯ барои бархе аз тоҷирони имтиёзоту осонӣ дида мешавад. Аммо дар ин сӯи дарё тоҷирон он имтиёзотро надоранд. Ин навъ муносибатҳои иқтисодӣ ба рақобатҳои тиҷорӣ таъсири бад мерасонад.”
Муҳаммад Ҳошим дар охир аз ҳукумати Афғонистон хост, то як ҳайатеро барои ҳалли ин мушкилот ба Узбакистон фиристад. Зеро дар сурати дигар он бартараф нахоҳад шуд.