Ҷашни 95-солагии Нелсон Мандела дар бемористон
Нелсон Мандела, нахустин раисиҷумҳури сиёҳпӯсти ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва раҳбари ҳаракати апартиед, 18-уми июл 95-солагияшро дар беморхона ҷашн мегирад. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллии ин кишвар, мардуми ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ тасмим гирифтаанд, дар ин рӯз чорабиниҳои шанбегӣ, аз қабили ранг намудани деворҳои макотиби миёна ва боғчаҳо, тоза намудани кӯчаву хиёбонҳо, ба хотири кумак ба ватани худ ташкил намоянд.
Вазъи сиҳҳати Нелсон ҳоло вахим арзёбӣ шуда, тавассути дастгоҳи сунъӣ дар бемористон нафас мекашад. Нелсон Мандела аз моҳи декабри соли 2012 мариз буд ва чор бор мешавад, то кунун бистарӣ шудааст.
Давоми чанд рӯзи ахир вазъи саломатии ӯ ба якборагӣ бад шуд ва табибон ӯро ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст карданд. Рӯзҳои ахир ҳазорон сокини пойтахти Африқои Ҷанубӣ назди беморхона ҷамъ шуда буданд ва барои саломатии Нелсон Мандела дуо мекарданд.
Нелсон Мандела, яке аз муборизони ҳифзи ҳуқуқи мардуми сиёҳпӯст 26 соли умрашро дар маҳбас гузарондааст. Гуфта мешавад, ба маризии сил дар зиндон гирифтор шуд ва ҳамин беморӣ ӯро зиёд азият медод.
Нелсон Мандела 18-уми июли соли 1918 таваллуд шудааст. Баъд аз хатми колеҷ бо истибдод дар Африқои Ҷанубӣ муборизаи шадидро оғоз кард. Соли 1950 Мандела президенти лигаи ҷавонони Конгресси миллии Африқо таъин шуд. Соли 1964 аз сӯи ҷонибдорони истибдод боздошт ва барои 26 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Соли 1990 аз маҳбас раҳо гардида, соли 1994 дар интихоботи президентӣ пирӯз ва аввалин раисиҷумҳури сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ гардид. Соли 1999 Нелсон Мандела ба истеъфо рафт.