Видеои шаҳритусиҳо алайҳи Додоҷони Атовуллоҳ дар YouTube
Дар шабакаи Ютюб силсилаи наворҳои кӯтоҳи видеоие нашр шудаанд, ки дар он аз Эмомалӣ Раҳмон ситоиш ва аз Додоҷони Аттовуллоҳ интиқод мешавад.
Дар ҳар яке аз ин видеоҳо якнафарӣ сухан карда, оқои Аттовуллоҳро барои анҷом додани хизмати бегонаҳо муттаҳам ва аксар ӯро хоини миллат меноманд.
Як қисмати бузурги ин наворҳо бо номи «н. Шаҳритус муқобили хоини миллат Додоҷон Аттовуллоев» аз сӯйи корбаре, ки ҳамчун «Shahrituz» сабт шудааст, гузошта шудаанд. Дар яке аз ин наворҳо як духтари наврас мегӯяд, баъди тамошои «барномаи иғвогарӣ»-и Додоҷони Аттовуллоҳ аз шабакаи «К+» ба хулосае омадааст, ки «ӯ нисбати давлати мо, нисбат ба президенти мо хусуматгар аст».
«Мо ҷавонон намегузорем, ки ӯ нисбати давлати мо ва нисбати президенти мо хусумат орад, чунки Ҷаноби олии мо муддати 21 сол аст, ки ба давлат озодиро овард, сулҳро овард, давлати моро тинҷ намуд ва Додоҷон Аттовуллоев ба шумо гуфтанӣ ҳастам, ки шумо нисбати давлати мо хусумат карда истодаед ва шумо хоин ҳастед»,-меафзояд ӯ.
Дар як навори дигар марде зоҳир шуда ва мегӯяд, «Додоҷон Аттовуллоев бас будагист. Суханҳои шумо дилбазан шудаанд. Бо ҳамин восита худатонро «машҳур» карданӣ ҳастед.»
Ва марди солманде дар навори дигар Додоҷони Аттовуллоҳро бемор меномад: «Додоҷон Аттовуллоев пеш аз он ки ту Тоҷикистонро муҳокима кунӣ, бояд худатро табобат кунӣ, ту бемор ҳастӣ. Туро, ки ҳақ додааст, ки Ҷаноби олиро, мамлакати моро муҳокима кунӣ? Солҳои 92 куҷо будӣ, бародар? Вақте ки Ҷаноби олӣ ҷони худро ба хатар гузошта, мардумро сарҷамъ карда, мамлакатро пеш бурд». Дар идома ӯ меафзояд, «ин тараққиёте, ки мо кардем ба фикрам барои ту зарар дорад. Ту намехоҳӣ, ки тоҷикон ва миллату давлати тоҷик обод бошад. Ту мехоҳӣ, ки миллати тоҷик нест шавад. Давлати тоҷикон нобуд шавад. Ин фикрат хато аст, бародар.»
Як ҷавони дигар мегӯяд: «Мо ҷавонони ноҳияи Шаҳритус барномаи ҳангомаҷӯёнаи Додоҷони Аттовуллоҳро тамошо карда, сахт ба ғазаб омадем. Итминони комил дорам, ки Додоҷони Аттовуллоҳ барои душманони миллати тоҷик хизмат карда истодааст. Ва ба Додоҷон Аттовуллоев гуфтаниям, шумо бо туҳмату буҳтонҳоятон меҳри моро аз президенти мамлакат ва Тоҷикистони биҳиштосоямон кам карда наметавонед. Додоҷон Аттовуллоев шумо туҳматчӣ ва иғвогаред. Шарм доред.”
Ҳамин тариқ дар наворҳои дигар, ки 20 тоанд, ҷавонон, занҳо ва мардони солманд Додоҷони Аттовуллоҳро танқид мекунанд. Зоҳиран ҳамаи ин наворҳо дар як маҳал, дохили кадом як боғ сабт шудаанд. Зимнан, бо унвони «ҷавобҳо» низ чанд навор дар Ютюб ҳаст, ки дар он зидди Додоҷони Аттовуллоҳ андешаронӣ мешавад.
Зоҳиран, ин наворҳо баъди аввалин барномаҳои Додоҷони Аттовуллоҳ, рӯзноманигор ва раҳбари ҳаракати сиёсии «Ватандор» дар шабакаи телевизионии «К+» таҳия шудаанд. Яке аз аввалин барномаҳои васеи ӯ шарҳи тӯи Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон буд. Ин барнома, ки дар Тоҷикистон ба вокунишҳои зиёд рӯбарӯ шуд, ба дунбол масдудияти сомона ва телевизиони «К+» дар моҳвораро дошт.