Хадамоти оташнишонӣ: Қӯрғонтеппа “взрывоопасно” шудааст
Назирмад Аюбов, сардори раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон, мегӯяд, аз ҳад зиёд шудани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Қӯрғонтеппа шаҳрро оташангез ё худ “взрывоопасно” кардааст.
Аюбов зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ба ҳукумати вилоят пешниҳод карданиянд, ки дигар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ насозанд. Бино бар қавли ӯ, кормандони раёсат бе кӯмаки мақомотҳои марбута аз уҳдаи манъ кардани сохтмони НФС-ҳо баромада наметавонанд: “НФС-ҳоро “якнима” мекунем, боз пайдо мешаванд. Ва ҳамчун мутахассис мегӯям, ки солҳои оянда сӯхторҳо зиёд мешавад, чунки меъёрҳо кам риоя мешаванд.”
Сардори Хадамоти оташнишонии вилоят иттилоъ дод, ки то ҳол 152 ҳодисаи сӯхтор ба вуқӯъ пайвастааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 23-то зиёд мебошад: “74 нафар аз марг наҷод дода шуда, 3 нафар фавтидааст, ки якеаш кӯдак мебошад. Нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои зидди сӯхтор 1383 парвандаи маъмурӣ боз карда шуда, 183 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима таъин карда шуда, бо моддаҳои 192 ва 255 17 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.”