Маоши ҳадди ақалл -- 40$. Нархи 1 м²-и манзил -- аз 512 то 1600$
Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон нархи як метри мураббаи манозил дар биноҳои навбунёди Душанберо аз 512 то 1600 доллари амрикоӣ арзёбӣ кард.
Абдувалӣ Комилов, директори Оҷонсии мазкур зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, арзиши сохтмони хона аз макони ҷойгиршавӣ ва имконоти коммуналии он вобастагӣ дорад. Оқои Комилов дар мавриди манзилҳое, ки як метри мураббаашон 1600 доллар қимат дорад, гуфт, “дар Тоҷикистон талабот ба чунин хонаҳо вуҷуд дорад ва нафароне низ ҳастанд, ки ин тавонро доранд.”
Масъулини Оҷонсии сохтмон ва меъморӣ мегӯянд, дар ин нимсола дар кишвар ба масоҳати умумии 301 ҳазору 697 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 200 сомонӣ ё ҳудуди 40 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.