Заминларза дар Тоҷикистон як кушта бар ҷой гузошт
Абдулло Ашрапов, як сокини 43- солаи шаҳри Хуҷанд, ки дар маҳаллаи ба номи Камоли Хуҷандӣ 121 истиқомат мекард, бар асари заминларза аз манзили зисташ, ки иборат аз дуошёна будааст, ба замин сарозер шуда фавтидаст.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз идораи ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд. Галина Умарова сардухтури ин муассиса гуфт, Ашрапов замоне ба ҳалокат расидааст, ки ба асари заминлазари шадиди шаби 19- ум дар ҳолати хоболудӣ худро аз ошёнаи 2-юми манзилаш ба берун ҳаво додааст ва дар паи осеби шадиди сар дар ҷои ҳодиса ҷон супурдааст.
Ба иттилоъи манбаъ, танҳо шаби гузашта, 6-ҳодисаи муроҷиати шаҳрвандон ба унвони ин идора ба қайд гирифта шудааст, ки умдатан сокинон аз ҳароси ин ходиса муроҷиат кардаанд.
Маврид ба ёдоварист, тахминан соати 00:35 дақиқаи шаби 19-ум заминларзае ба вуқӯъ пайваст, ки сокинони зиёди Точикистонро нороҳат кард. Расонаҳои хабарӣ маркази ин заминларзаро водии Фаргонаи Осиёи Марказӣ ва қувваи онро ба 6, 2 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер шарҳ додаанд. {jathumbnail off}