Ҳисобҳои бонкии писари президенти собиқ масдуд шуд
Дар Амрико ҳисобҳои бонкии Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури пешини Қирғизистонро, масдуд намуданд.
Ба навиштаи “Коммерсант”, маҷмӯи умумии ҳабсшудаи маблағҳои Боқиев 74,4 миллион долларо ташкил медодааст.
Бишкек бо истиқбол аз ин иқдоми Вашингтон онро гоми нахуст барои бозпас додани Максим Боқиев ба Қирғизистон хонда, ибрози умедворӣ кардааст, ки кишварҳои дигар низ молу амволи писари раисиҷумҳури пешини ин кишварро ба ҳабс мегиранд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти қирғиз авохири ҳафтаи гузашта аз тарафи Додситонии кулли Қирғизистон гуруҳи кории махсусе ташкил шуда, бояд дар якҷоягӣ бо Ширкати ҳуқуқии амрикоӣ “Akin Gump” ба масъалаи истирдоди Боқиев машғул шаванд.
Максим Боқиев баъд аз суқути давлати падараш, дар натиҷаи ошӯбҳо дар моҳи апрели соли 2010, тарки Қирғизистон кард. Ӯро дар ин муддат ду дафъа дар Лондон дастгир, вале ҳарду дафъа дар баҳои васиқа раҳо карданд. Боздошти дувуми ӯ марбут ба як парвандаи тахаллуф дар Амрико буд ва интизор мерафт, рӯзи 13-уми май, масъалаи истирдодиаш ба Амрико баррасӣ шавад.