Оҷонсии сохтмон кори ширкати марбут ба З.Саидовро месанҷад
Гуруҳи кории Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ҳаҷм ва сифати корҳои анҷомдодаи ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал”-ро, ки ба Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик марбут аст, тафтиш мекунад.
Дар ин бора Абдувалӣ Комилов -- директори Оҷонсии сохтмон ва меъморӣ рӯзи 17-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ, хабар дода афзуд, айни ҳол санҷиш давом дорад ва маълумоти муфассал баъд аз анҷоми он пешниҳод хоҳад шуд.
Комилов таъкид намуд, аз ҳама камбудии маъмулӣ дар фаъолияти ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон ин изофанависӣ аст. Ба иттилои ӯ, ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳаҷми 2 миллион сомонӣ изофанависӣ кардаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Комилов гуфт, дар мавриди сифати кори ширкатҳои сохтмонӣ низ камбудиҳо ҷой доранд ва дар 6 моҳи аввали соли равон вобаста ба камбудиҳо дар сифати кори ширкатҳо беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.