Қарори Убайдуллоев барои истеҳсоли троллейбус дар Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои роҳандозии насбу истеҳсоли троллейбус дар Душанбе қарор қабул карда, аллакай созишнома дар ин бора бо корхонаи “Тролза”-и Русия баста шудааст.
Шавқат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, насбу истеҳсоли троллейбусҳо дар корхонаи «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» ба роҳ монда мешавад, ки як сол пеш ташкил шуда буд: “Тибқи созишнома то 1-уми ноябри соли равон аз Русия ба Душанбе 15 троллейбуси тайёр ва 15 машинокомплект оварда мешаванд. Аз Русия қисматҳоеро меорем, ки дар мо нестанд ва ба ҳамин восита дар Душанбе хатти насб ва истеҳсоли троллейбусро фаъол хоҳем кард.”
Убайдуллоев дастур додааст, аз буҷети шаҳр барои хариди троллейбусҳои тайёр ва машинакомплектҳо 18 миллиону 963 000 сомонӣ ҷудо гардад.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, дар пайи фаъол сохтани хатти насбу истеҳсоли троллейбус дар Душанбе истеҳсоли велосипедҳо низ роҳандозӣ хоҳад шуд.