Боздошти ду тоҷик барои дуздии "Range Rover"
Дар вилояти Челябински Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми мошиндуздӣ боздошт кардаанд.
Ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳоле боз дошт шудаанд, ки гӯиё нияти интиқоли мошинҳои дуздиро ба Душанбе тариқи рақамҳои транзитӣ доштаанд.
Ба гуфтаи хадамоти матбуотии Шуъбаи умури дохилии Русия дар вилояти Челябинск шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз онҳо ном бурда нашудааст, бо як шаҳрванди Беларус мехостанд, се адад мошини тамғаи “Range Rover”-ро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аз марзи ин вилоят берун карда, ба Душанбе интиқол диҳанд.
Ин ниҳод мегӯяд, ин мошинҳо, ки арзиши умумиашон баробар ба 12 миллион рубл мебошад, мавриди ҷустуҷӯи мақомоти пулиси шаҳри Маскав қарор доштаанд.