Артиши Тоҷикистон аз нигоҳи коршинос: “Ба онҳо эътимод нест”
Бархе аз коршиносони рус бар инанд, ки дар ҳолати пеш омадани ягон даргирии бузург дар Осиёи Марказӣ, наметавон ба артиши Тоҷикистон ҳамчун нерӯи низомӣ такя кард.
Борис Соколов, коршиноси рус, мегӯяд, ҳоло дар артиши Тоҷикистон нафаре аз иштирокдорони ҷанги шаҳрвандӣ, ки таҷрибаи ҳарбӣ доштанд, боқӣ намонда, ба ин артиш наметавон ҳамчун нерӯи низомӣ эътимод (бовар) кард.
Вай гуфтааст, “сафармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон раисиҷумҳури он мебошад. Вазорати дифоъ масъулияти пуштибонии молию фаннии артишро бар уҳда дошта, барои тамриноти низомии он низ ҷавобгар аст. Доктринаи ҳарбии Тоҷикистон 3-уми октябри соли 2005 аз тарафи Маҷлиси олии ин кишвар қабул гардидааст. Дар он омадааст, ки ягон кишвар ба Тоҷикистон душман маҳсуб намебошад ва Тоҷикистон низ ба кадоме аз онҳо иддаои марзӣ надорад. Ин доктрина хусусияти мудофиавӣ дошта, барои бартараф намудани таҳдидҳои хориҷию дохилӣ такягоҳи аслии худро Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ медонад.”
Ин коршиноси рус дар идома мегӯяд, “фирор аз хидмати ҳарбӣ дар ин кишвар ба як одат табдил ёфтааст. Миёни афсарону сарбози аз минтақаҳои гуногун сӯитафоҳумҳои қаблӣ боқӣ монда, ҳатто дар бархе маврид ба даргириҳои мусаллаҳона мунҷар мешавад. Сатҳи интизом ва қобилияти ҷангии артиши тоҷик хеле поин мебошад. Танҳо фарзандони оилаҳои камбизоат ба артиш ҷалб карда шуда, писарони оилаҳои доро бо додани ришва ва хешутаборбозӣ аз хидмати ҳарбӣ озод мешаванд. Ғизои сарбозон он қадар хуб набуда, сару либоси онҳо фарсуда ва шакли ҳамон давраи Шӯравӣ мебошад.”
Дар ҳоле ки ба гуфтаи Борис Соколов, “миёни Тоҷикистону Узбакистон гуфтушунидҳо дар мавриди муайян намудани ҳудуди марзӣ ва аз байн бурдани майдонҳои минагузоришуда идома меёбанд. Ин кишвар бо Қирғизистон низ баҳсҳои марзӣ дошта, наметавонад, марзи худро аломатгузорӣ кунад.”
Ин коршиноси рус бо ёдоварӣ аз шумораи афсару сарбозони тоҷик афзудааст: “Аз нигоҳи қобилияти ҷангӣ бо артиши Тоҷикистон дар минтақа артиши Қирғизистон низ аз он камӣ надорад. Он мустақилона наметавонад, дар баробари кадом як навъи таҳдиди дохилӣ ё хориҷие истодагарӣ кунад.” Ба андешаи ӯ, ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо ҳар гуна таҳдидҳои хориҷию дохилӣ аслан ба сарбозони Русия такя мекунад.
Оқои Соколов гуфта, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон аҳамияти пойгоҳҳои низомии Русия дар минтақа боло хоҳад рафт. “Алакай хабарҳо атрофи камин гирифтани нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шимоли Қафқоз дар канори Толибон дар наздикии манотиқи марзии Тоҷикистон шунида мешаванд”,-афзудааст ӯ.
Ин ҳарфҳои коршиноси рус дар ҳоле гуфта мешаванд, ки Русия аз Тоҷикистон хостааст, созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-ро тасвиб кунад. Ҳамчунин ҷониби Русия хостори он аст, ки Душанбе ҳифзи марзи ин кишвар бо Афғонистонро ба онҳо вогузорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳама, мақомоти тоҷик мегӯянд, аз ин иддао бештар бӯи ғараз меояд. Дар ҳоле ки ба таъкиди онҳо, вазъи артиш ва сарбозони тоҷик дар чанд соли охир беҳбуд ёфтааст.