Таъкиди рэпсарои тоҷик ба президент: "Мо тағйирот мехоҳем!"
Дар як таронаи рэп, ки бо номи “Таджикистан требуй перемен” (Тоҷикистон тағйирот талаб кун) дар шабакаи Ютюб мечархад, хонандаи он мегӯяд, ин “Муроҷиатнома ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон" аст.
Хонандаи ин тарона худро “тоҷик аз Новосибирск” муаррифӣ намуда, аммо мегӯяд, ба хотири гурез аз тавтиа номашро ифшо намекунад. Муаллиф мегӯяд, барои ӯ дидани заҳмати мардум ва дарёфти маблағи ночиз, ки боз нимаш ба кисаи мансабдорони сатҳи болоӣ меравад, дардовар аст.
«Канӣ иқтисод, канӣ стратегия, Канӣ савганди ба мардум додаат? Домани коррупсия то ба утоқҳои ту расидааст...”,-мехонад ин рэпсаро. Дар идома ӯ мегӯяд, “ғорати мардум бас, мо тағйирот мехоҳем”.
Ин рэпсаро ҳамчунин мегӯяд, “Ҷаноби олӣ, лутфан ба ман бигӯед, ки газу обу барқ куҷост? Барои чӣ бо омадани зимистон барқ қатъ мешавад, агар обҳои моро кишварҳои Осиё Миёна мехаранд?… Канӣ маориф? Канӣ тиб? Барои чӣ бояд моро Русия таъмин кунад? Канӣ ҳуқуқи мо? Канӣ озодии сухан?… Мардум ҳақиқатро мехоҳад, адолатро мехоҳад, аммо Шумо онҳоро тарс додаед, онҳо аз қасос метарсанд…»
Дар ин рэп ҳамчунин ба мавзӯи ду халабони як ширкати русӣ ишора мешавад, ки дар ҷануби Тоҷикистон боздошт ва баъдан раҳо шуданд.
Дар поёни рэп муаллиф мегӯяд, ҳарчанд аз Ватанам рафтам, аммо ҳатто дар кишвари бегона ҳам патриоти миллати худ боқӣ мемонам. Ӯ мегӯяд, “шиканҷаи мардум бас аст, мардуми ман сазовори беҳтаринҳост”.