Кӯдаки 4-солаи узбак бозори Душанберо тасхир кардааст (ВИДЕО)
Дар нуқтаҳои фиттафурӯши Тоҷикистон навори кӯдаки 4-солаи узбак, ки таронаи маъруфи «Чак-чаки борон»-и Далер Назаров, номовартарин хонандаи тоҷикро иҷро мекунад, ба фурӯш баромадааст.
Ин навор, ки ҳамагӣ ду ҳафта қабл дар интернет пайдо шуд, ба гуфтаи фиттафурӯшон миёни сокинони Душанбе мухлисони зиёд пайдо намудааст.
Ин видео 27-уми июн, дар Ютуб гузошта шуда ва то ҳол даҳҳо ҳазор бинанда пайдо кардааст. Дар шарҳи таронасароии ин кӯдак гуфта мешавад, ки тифл чор сол дошта ва аз хонаводаи узбак мебошад.
«Чак-чаки борон» аз маъруфтарин таронаҳои Далер Назаров мебошад. Ин таронаро Юлдуз Усмонова, овозхони шинохтаи Узбакистон низ зиёд дӯст медорад ва дар яке аз ҳунарнамоиҳояш дар Душанбе ҳамроҳ бо Далер Назаров онро иҷро карда буд.