Амрико барои Афғонистон аз Русия 86 чархбол мехарад
То охири соли 2016 неруҳои ҳавоии Афғонистон соҳиби 86 чархболи навъи Ми-17 мешаванд. Ин чархболҳоро қарор аст Пентагон аз Русия харидорӣ кунад.
Қаблан, Шӯрои амнияти миллии Афғонистон аз камбуди неруҳои ҳавоияш изҳори нигаронӣ карда, барои ҳалли ин мушкил аз ИМА кӯмак хоста буд,-хабар медиҳад телевизиони «Тулӯъ».
«Ми-17 алтернативи беҳтаре надорад. Ин чархбол барои минтақаҳои Афғонистон беҳтарин вариант аст. Гузашта аз ин халабонҳои афғон ҳам бо идораи он хеле хуб ошноянд»,-гуфтаанд, масъулини вазорати дифои Амрико.
Дар ҳамин ҳол, Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати мудофиаи Афғонистон гуфтааст, «дарёфти чархболҳо имкон медиҳад, яке аз муҳимтарин ниёзмандиҳои нерӯҳои ҳавоии кишвар бароварда шавад».