Туркманистон ба Афғонистон газ мефурӯшад
Афғонистон барои хариди газ аз Туркманистон дар доираи лоиҳаи ТАПИ қарордод бастааст. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии давлати исломӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВУХ, ин созишнома зимни дидори намояндаҳои кишварҳои узви лоиҳаи ТАПИ, ки дар Ашхобод баргузор шуд, тасвиб гардидааст. Тибқи ин санад, баъди роҳандозии қубури газгузари ТАПИ Афғонистон дар даҳ соли оянда аз Туркманистон 500 миллион метри мукааб газ харидорӣ мекунад.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки вазирони ниҳодҳои марбутаи Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон дар мавриди бунёди ширкати муштарак барои роҳандозии ин тарҳ ба тавофуқ расидаанд. Пешвои ин консорсиум корхонаи «TAPI Ltd», мебошад, ки аз ҳисоби ширкатҳои нафту гази кишварҳои берун аз лоиҳа таъсис ёфтааст. Ҳар кишвари узви лоиҳа барои ширкати нав, ки масъули бехатарии қубури газ аст, 5 миллион доллар ба сифати сармояи аввалия пардохт мекунад, - хабар додааст, радиои «Салом ватандор».
Вазири саноати нафтии Ҳиндустон гуфтааст, сохтмони қубури газ бояд то соли 2017 анҷом ёбад. Гуфта мешавад, дар чорчуби тарҳи ТАПИ Афғонистон барои транзити газ аз тариқи қаламрави худ солона то 400 миллион доллар хоҳад гирифт.