“Тоҷиксуғурта” фавти “Турсунбой”-ро ҷуброн намекунад
“Тоҷиксуғурта” мегӯяд, ҷуброни фавти вуҳуш дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанберо пардохт намекунад, чун ин боғ бима пардохт накардааст.
Абдулло Абдуллоев, мовини якуми директори генералии КВД «Тоҷиксғурта”, имрӯз, 16-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, чун боғи ҳайвонот бима намепардозад, фавти вуҳуш дар ин боғ, аз ҷумла баҳмут Турсунбой низ ҷуброн намегардад.
Ду сол қабл ба Боғи ҳайвоноти Душанбе аз Чимкенти Қазоқистон Турсунбой, баҳмути 7-соларо оварда буданд, ки ба гуфти кормандони Боғи ҳайвоноти Душанбе бар иллати қалби маризаш фавтид.
Турсунбой дар ивази чаҳор паррандаи нодир аз Боғи ҳайвоноти шаҳри Чимкенти Қазоқистон ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе интиқол дода шуда буд. Тақрибан 1,5 тонна вазн дошта ҳамарӯза 40-50 кило сабзавоту гӯшти моҳӣ мехӯрдааст. Баъди овардани "Турсунбой" теъдоди муштариёни Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе 20 % зиёд гардида буд.