Солеҳов: Ростӣ, пул даркор ва мекӯшем, донишҷӯёни шартномавиро хориҷ накунем
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон зиёда аз 100 нафар донишҷӯ хориҷ шудаанд, ки ҳамагӣ 15 фоизашон тариқи шартнома таҳсил мекардаанд.
Нуралӣ Солеҳов, ректори Донишгоҳи мазкур, имрӯз, 16-уми июл, зимни нишасти матуботӣ гуфт, сабаби асосии хориҷ шудани донишҷӯён, ин сари вақт насупоридани санҷишу имтиҳон, авбошӣ, ба дарсҳо иштирок надоштан, насупоридани маблағи шартнома мебошад: “Рости гап мо намехоҳем бисёр донишҷӯёне, ки тариқи шартнома таҳсил мекунанд хориҷ кунем ва аз бештари гуноҳи онҳо мегузарем. Барои мо маблағ бениҳоят зарур аст. Чун бинои нави донишгоҳро аз ҳисоби худамон бунёд мекунем. Аммо вақте, ки донишҷӯ бисёр аз ҳад гузаронд, ӯро маҷбур ҳастем, хориҷ намоем.”
Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон баъд аз 70 соати дарсгурезӣ эълони хориҷшавии донишҷӯ бароварда мешавад.
Инчунин Нуралӣ Солеҳов гуфт, “донишҷӯёни риштаи буҷавӣ агар хоҳанд дипломи худро на баъд аз 3 сол, балки дарҳол баъди хатм гиранд, мо харҷи панҷсолаи онҳоро ҳисоб карда, дипломро дар ҳамон соли хатм ба онҳо мефӯрушем.”
Масъулин мегӯянд, ҳамасола аз 10 то 15 нафар донишгоҳро бо дипломи сурх хатм мекунанд ва имсол бештари донишҷӯёни бахши байналмилалӣ соҳиби дипломи сурх гардиданд.