Барканории раиси "Шоҳмансур" ва ҳушдор ба тоҷирони "саркаш"
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, зимни ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, Ризоев Асомудин, раиси бозори “Шоҳмансур”-и пойтахтро аз вазифа озод карда, дастур додааст, тоҷироне, ки нарху муқаррароти мавҷударо риоя намекунанд, аз ҳаққи истифодаи нуқтаҳои савдо дар бозорҳои пойтахт маҳрум карда шаванд.
Раиси Душанбе дастур додааст, ки барои таъмини бозорҳо бо гӯшти хушсифат ба соҳибкорон қарзи бефоиз аз буҷети шаҳр ҷудо гардад, ва назорат шавад, ки дар тамоми бозорҳои пойтахт 12 намуди маҳсулоти аввалиндараҷа, аз қабили гӯшти хушсифати гов, гӯсфанд, мурғ, орди навъи якум, равғани растанӣ, биринҷ, шакар, шир, картошка,сабзӣ, пиёз ва тухм пайваста таъмин бошанд.
Инчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев аз риоя нашудани қарорҳои раиси ва маҷлиси вакилони шаҳрӣ интиқод намуда, аз ҷумла таъкид намудааст, ки баъди тағйири номи кӯчаҳо аз ҷониби раисони ноҳияҳо ва сохторҳои ноҳиявӣ овезаҳои суроғавии кӯчаҳо саривақт иваз намешаванд, ки метавонад боиси нороҳатии шаҳрвандон гардад.
Дар ҷаласа инчунин масъалаи вазъи санитарию экологӣ, нигаҳдории фонди манзил ва ҳолати таҳхонаҳо дар биноҳои бисёрквартирадори баландошёна аз ҷониби соҳибмулкон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар ин зимн Муассисаи давлатии “Телевизони пойтахт” вазифдор гаштааст, ки бо таҳлилу пайгирии масъалаҳои зикргашта, баҳри баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъулияти амволдории сокинон аз ҳолати воқеии таҳхонаву даромадгоҳҳои истифодаи умуми биноҳои бисёрквартирадори баландошёна дар таносуби чор ноҳияҳои шаҳр гузоришҳо омодаву пахш намояд.