Дар Краснодар ҷасади се муҳоҷири кориро оташ задаанд
Дар вилояти Краснодари Русия се шаҳрванди Қирғизистонро ба қатл расонда, ҷасади онҳоро оташ задаанд.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, рӯзи 12-уми июл мақомоти пулиси Краснодар ҷасади се шаҳрванди Қирғизистонро пайдо намудаанд, ки аз тарафи сокинони маҳаллии ин минтақа ба таври ваҳшиёна кушта шуда, ҷасадашон сӯзонда шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ин шаҳрвандони Қирғизистон, ки барои пайдо намудани ҷои кор ба Кубан омада, аз рӯзи 24-уми июл то ин дам беному нишон гашта буданд, миёни онҳо ва сокинони маҳаллӣ дар яке аз қаҳвахонаҳои ин минтақа задухӯрде ба миён омадааст.
“Ҳарчанд шаҳрвандони Қирғизистонро дар аввал имкон шудааст, аз дасти сокинони маҳаллӣ раҳо ёбанд, вале шаҳрвандони рус яке аз онҳоро боздошт намуда, ба ин тариқ ҳамроҳони ба кумаки боздоштшуда омадаро дастгир кардаанд”,-менависанд расонаҳои русӣ.
Мақомоти пулиси Краснодар мегӯяд, дар робита ба куштори ин се шаҳрванди Қирғизистон ду нафари гумонбар боздошт шуда, нафари сеюм зери пайгарди қонун қарор дорад.