Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи нонпазҳо
Додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа алайҳи соҳибони нонвойхонаҳо барои дуздии барқ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.
Баҳриддин Бозоров, прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, Абдулмуъмин Абдухолиқов, сокини ноҳияи Вахш, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар дохили ҶСК «Қўрғонтеппасоз» нонвойхона доштааст, бидуни ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро ғайриқонунӣ аз аввалҳои моҳи ноябри соли 2012 то 11 июни соли 2013 истифода намудааст.
Ба иттилои додситонӣ Шамсулло Раҷабов, соҳиби нонвойхонаи дигар дар Қӯрғонтеппа, бидуни ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро аз моҳи декабри соли 2012 то 11 июни соли 2013 истифода намуда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ ба Идораи барқи шаҳри Қӯрғонтеппа зарари амволӣ расонидааст.
Баҳриддин Бозоров мегӯяд, нисбати ин ду шаҳрванд бо моддаи 253, қисми 1, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз гардида, барои тафтиши пешакӣ ба ШВКД-и шаҳри Қӯрғонтеппа ирсол гардидааст.