Собянин: Барои нақзи қоидаҳои роҳ муҳоҷирон ихроҷ шаванд
Дар пайи сониҳаи бузурги нақлиётӣ дар ноҳияи Подолск, мақомоти Русия ният доранд назорати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро пурзӯр намоянд.
Сергей Собянин, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Маскав, барои ҷилавгирӣ аз сониҳаҳои калони нақлиётӣ пешниҳод кардааст, муҳоҷироне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, ихроҷ карда шаванд: “Барои муҳоҷироне, ки дар кишвар ба интиқоли мол машғуланд, нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳ, ин нақзи Кодекси меҳнат аст ва бояд барои ин ихроҷ гарданд.”
Кумитаи нақлиёти Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, барои ширкатҳое, ки ба ҳамлу нақл машғуланд, бояд низоми иҷозатномадиҳӣ ҷорӣ гардад ва бигзор масъули амният зимни интиқол на танҳо ронанда, балки соҳиби ширкат бошад. Дар ҳамин ҳол Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дақиқ кардааст, ки дар сониҳаи калони нақлиётӣ, дар ноҳияи Подолски назди Маскав, ки 64 маҷруҳ ва 18 кушта барҷой гузоштааст, шаҳрвандони тоҷик низ ҳастанд.
Тибқи иттилои дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ин садама Анвари Қудратулло, зодаи 23-солаи шаҳри Кӯлоб ва Эгамов Беҳрузи 26-сола зарар дидаанд ва айни ҳол дар беморхонаҳои Маскав бистарӣ мебошанд. Хадамоти муҳоҷират аз қавли табибон вазъи саломатии шаҳрвандони тоҷикро муътадил арзёбӣ мекунад.
Рӯзи шанбеи 13-уми июл дар наздикии деҳаи Ознобшинои ноҳияи Подолск як камази пур аз сангреза ба автобуси мусофиркашонӣ бархӯрдааст, ки дар натиҷа автобус ба ду қисм ҷудо гардидааст.