Пирӯзии тарафдорони Зайд Саидов ба намояндагони Узбакистон
Рӯзи 14-уми июл дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, барои дифоъ аз Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, бозии футбол баргузор гардид.
Ин бозӣ миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор ва бо ҳисоби 5:4 ба фоидаи гурӯҳи дифоъ аз Зайд Саидов анҷом ёфт. Дар бозии мазкур дастаи ҷавонони Тоҷикистон бо пироҳани махсус, бо навиштаҷоти “Озодӣ барои Зайд Саидов” дар бозӣ иштирок доштанд.
Ин чорабинии нахустин ба хотири дархости озодии Зайд Саидов нест. Рӯзи панҷуми июл низ дар маркази шаҳри Маскав гуруҳе аз тоҷикон либоси махсусеро бо навиштаҷоти “Озодӣ барои Зайд Саидов” ба тан карда, раҳоии соҳибкори боздоштшударо талаб карданд.