Баррасии парвандаи 53 нафар дар маҳкамаи №2-и Хуҷанд шурӯъ шуд
Дар шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи додгоҳии марбут ба амали террористӣ оғоз гардид.
Тавре ба хабарнигори «Озодагон» раисикунандаи ин мурофиа, судяи додгоҳи вилоятӣ Дадоҷон Гадойбоев иттилоъ дод, суд дар бинои маҳкамаи № 2- шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.Дар курсии айбдорӣ -53 нафар шаҳрвандон , асосан сокинони Хуҷанд ва навоҳии Исфара, Истаравшан ва Ҷаббор Расулов нишастаанд. Гуфта мешавад, онҳо дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои терроризм,ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, кӯшиши ғасби ҳокимият бо роҳи зӯроварӣ, куштор, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ гумонбар дониста мешаванд. Бино ба қавли Гадойбоев, аз ин ашхос танҳо 10-12 нафарашон дар содир намудани амали террористии санаи 3-уми сентябри соли 2010 дар саҳни бинои РМҶМ-и вилояти Суғд ба амал омада даст доранд.
Ёдрас менамоем, субҳи 3-юми сентябри соли 2010 дар саҳни бинои РМҶМ-и РКД-и вилояти Суғд таркиши сахт ба вуқӯъ пайваст, ки онро нақлиёти ҳомили маводи мунфаҷир ба амал оварда буд.Бар асари ин ҳамлаи террористӣ се корманди мақомоти милиса ҳалок гардида, 26 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.Прокуратураи вилояти Суғд дар робита ба ин ҳодиса, тибқи моддаи 179-и кодекси ҷиноӣ (амали террористӣ) парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ карда, онро баъдан барои тафтиш ба баррасӣ КДАМ-и вилоят ирсол дошт. {jathumbnail off}