Тағйирот дар ҳайати тими миллии футболи Тоҷикистон
Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол, ки барои дидори дӯстона бо мунтахаби Ҳиндустон омодагӣ мебинад, тағирот ба миён омад.
Ба ҷои Соҳиб Саванқулов, ҳимоятгари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, Расул Пайзов, нимҳимоятгари «Регар-ТадАЗ», Комил Саидов, ҳамлагари «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода ва Маҳмадалӣ Содиқов, ҳимоятгари «Хуҷанд»-и Хуҷанд ба омодагиҳои таълимӣ-тамринӣ Идибек Ҳабибуллоев, ҳимоятгари «Хайр»-и Ваҳдат, Бахтиёр Чориев, нимҳимоятгари «Энергетик»-и Душанбе, Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари «Регар-ТадАЗ» ва Фарҳод Тоҳиров, бозигари «Истаравшан»-и Истаравшан даъват шудаанд.
Омодагиҳо аз фардо, 17-уми июл дар шаҳри Турсунзода шурӯъ гардида, то 28-уми моҳи ҷорӣ идома хоҳанд кард.
Торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон менависад, далели ин тасмими ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон он аст, ки феълан Соҳиб Саванқулов дар клуби «АЗАЛ»-и Озорбойҷон давраи санҷиширо паси сар мекунад ва Расул Пайзов, Комил Саидов ва Маҳмадалӣ Содиқов бошанд, лат хӯрда, барои муддати номаълум имкони бозӣ кардан надоранд.
Дидори дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҳиндустон соати 17:00-и 14-уми августи соли равон дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Аз ин пеш, мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳинд се маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Нахустин дидор, 13-уми августи соли 2008 дар Ҳайдарободи Ҳиндустон дар чорчуби қисми ниҳойии Ҷоми даъвати АФК сурат гирифт ва мусовӣ: 1:1 анҷом ёфт. Баъди дувоздаҳ рӯз ду даста дар бозии финалии сабқати мазкур вориди рақобат шуданд. Ин навбат ҳиндуҳо бар ивази чор гол, танҳо як туб сар доданд.
Маротибаи сеюм тимҳои миллӣ 9-уми марти соли сипаришуда, ҳамчунин дар даври гуруҳии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар шаҳри Катмандуи Непал бозӣ карданд. Бозӣ 2:0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар рейтинги ФИФА тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 106 ва мунтахаби Ҳиндустон дар ҷои 146-ум қарор доранд.
Акс аз ФФТ