«Сноуден нақшаи системаи Агентии амнияти миллии Амрикоро дар ихтиёр дорад»
Эдвард Сноуден санадҳои махфии муҳимеро дар ихтиёр дорад, ки аз кор ва таҷҳизоти Агентии амнияти миллии ИМА маълумоти комил медиҳад. Дар ин бора Associated Press бо такя ба изҳороти Гленн Гринуолд, рӯзноманигори The Guardian иттилоъ додааст.
Ба қавли Гринуолд, Сноуден нусхаи аксҳои ҳуҷҷатҳои «хеле муҳим», ки сохтор ва шеваи кори хадамоти вижаи Амрикоро пурра нишон додаст, бо худ дорад. Ин нусхаҳоро Сноуден барои он гирифтааст, ки далелҳои муътамаде барои исботи маълумоти ифшокардааш дошта бошад, гуфтааст журналист.
Аммо Гринуолд афзуда, ки Сноуден намехоҳад, ин санадҳо нашр шаванд, чун ҳар нафари онро дида метавонад ба осонӣ системаи агентиро барҳам занад. Бо ин ҳол журналист гуфтааст, асноди дар дасти Сноуден буда, ба амнияти амрикоиҳо хатар эҷод накарда, танҳо барои мақомоти ИМА хатарбор аст.
Эдвард Сноуден, ки аз 23-юми июн дар минтақаи транзитии фурудгоҳи «Шереметево»-и Маскав ба сар мебарад, тасмим дорад, дар Амрикои Лотинӣ паноҳгоҳи сиёсӣ дарёфт кунад. 12-уми июл Сноуден бо ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон мулоқот кард. Ӯ гуфтааст, ҳоло наметавонад аз Маскав парвоз кунад, чун «бархе кишварҳои Аврупои ғарбӣ ва ИМА метавонанд бо роҳи ғайриқонунӣ ӯро дастгир кунанд».
Мақомоти ИМА Эдвард Сноуденро дар ҷосусӣ ва ифшои барномаҳои махфии идораҳои кашфи Амрико айбдор мекунанд. Рӯзи 30-юми июн маҷаллаи олмонии Der Spiegel ва рӯзномаи бритониёвии The Guardian бо такя ба иттилои Эдвард Сноуден навиштанд, ки хадамоти кашфи Амрико гуфтугӯҳои телефонии мансабдорони аврупоиро гӯш мекарданд ва шабакаҳои компутарии Иттиҳодияи Аврупо, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ ва Ҳиндустонро таҳти назорат доштанд.