Раиси ноҳияи Восеъ: Ҳоҷӣ Убайдуллоҳ камбудҳои зиёде дошт...
Рустам Латифов, раиси ноҳияи Восеъ, мегӯяд, Убайдуллоҳ Ҳасанов -- сархатиби масҷиди марказии ин ноҳия барои камбудҳояш аз мақоми худ барканор гардидааст. Убайдуллоҳ Ҳасанов рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон суханронӣ карда, дар оғоз аз ӯ тавсиф ва баъдан гуфта буд, ки дар ноҳияи Восеъ масҷиди ҷомеи марказӣ нест.
Рустам Латифов мегӯяд, дар пайи санҷиши намояндагони бахши дини ноҳия маълум гардида, ки дар фаъолияти Убайдуллоҳ Ҳасанов камбудҳо ҷой доштаанд. “Ӯро танҳо барои пешниҳоди кардааш бо президент сабукдӯш накардаанд, агарчӣ дар он пешниҳод ҳам каме нофаҳмӣ буд. Ахборе, ки он ҷо доданд, носаҳеҳ буд. Дар маркази ноҳия 2 масҷиди ҷомеъ дорем, ҷамъ дар ноҳия 12 масҷид аст. Барои ҳамин, гуфтани ин ки дар ноҳия масҷиди ҷомеъ нест, каме нодуруст буд”,-афзуд ӯ.
Раиси ноҳияи Восеъ илова кард, ҳоло дар ин ноҳия масҷиди марказӣ низ таъсис дода, Маҳмадсаид Акрамовро ба ҷои Убайдуллоҳ Ҳасанов интихоб кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Убайдуллоҳ Ҳасанов, қарори барканории ӯ аз мақоми имомхатибӣ бе ҳузури ӯ сурат гирифтааст. Вай ба “Озодагон” гуфт, “дирӯз (14 июл) омада бо иштироки 5 хатиби масҷид маро озод кардаанд. Мо 12 масҷиди ҷомеъ дорем, аз ин ҳисоб имомхатиби 7 масҷид иштирок надоштанд. Маҳмадсаидро, ки аз ноҳияи Данғара аст, ба ҷои ман сархатиб таъин карданд.”