Раҳим Масов гуфт, академики узбак бояд зиндонӣ шавад
Раҳим Масов, академики тоҷик, бо пахши як ҷавобия иддаои Рустам Абдуллоев, академики узбакро дар бораи тоҷикону Тоҷикистон ва дигар ҳамсояҳо, берун аз ҳадди пучию беҳаёгӣ хонда, онҳоро хандаовар гуфтааст, “агар аз ҷониби як ҳамқадаҳ гуфта мешуданд.”
Масов таъкид кардааст, ки чун иддаои Рустам Абдуллоев дар сомонаи машҳури интернетӣ, ки миллионҳо хонанда дорад, нашр шудааст, ин академики узбак бояд барои чунин нақшаҳои геополитикияш ҳадди ақал ба 15 соли зиндон маҳкум шавад.
Академики тоҷик бо такя ба моддаи 150-и Кодекси ҷиноии Узбакистон, “барои тарғиби ҷанг” ва моддаи 156 “барои адовати миллӣ, этникӣ, нажодию динӣ” зарур медонад, ки Рустам Абдуллоев мувофиқан ба 10 ва 5 соли зиндон маҳкум гардад.
Рустам Абдуллоев, ки худро доктори илмҳои иқтисодии Узбакистон муаррифӣ кардааст, чанд рӯз қабл дар матлабе, ки 12news.uz нашр кард, гуфт, кишвараш бояд ба бархе аз давлатҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон иддаои бозпас гирифтани заминҳояшро кунад. Ба гуфтаи Абдуллоев, дар давраи ҳукмронии Темури Ланг ин минтақаҳо дар ихтиёри узбакҳо буданд. Илова бар ин, академики узбак таъкид дошта буд, ки Узбакистон ба хотири манофеи миллии худ бояд узви НАТО шавад.
Дар бораи Тоҷикистон Абдуллоев навишт, ки “аслан тоҷикҳо ин “нухбагони узбак” мебошанд, ки бо забони форсӣ ҳарф мезананд, ба мисли он ки ашрофони рус дар қарни 19 бо забони фаронсавӣ менавиштанду сухан меронданд”.
Ин академики узбак ҳарфҳои раҳбари кишвари худро ба ёд оварда, мегӯяд, тоҷикону узбакҳо як миллате мебошанд, ки бо ду забон ҳарф мезананд. “Худи раҳбарияти Узбакистон буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистонро ба хотири дӯстии бародаронаш ба мардуми тоҷик ва кумак намудан барои анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар дар солҳои 1992-97, ки мунҷар ба ҳалокати 150 ҳазор нафар ва муҳоҷир гаштани 75 ҳазор шуда буд, сари қудрат овардааст”,- гуфтааст Абдуллоев.
Аммо академики тоҷик Раҳим Масов бо такя ба осори шарқшиносони машҳури рус “пучӣ”-ии даъвоҳои академики узбакро нишон дода, заъфи донишҳои таърихии ӯро исбот намудаст. Масов аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳам ҳукумати Узбакистон даъват намудааст, ки ба ин “осор”-и академики узбак вокуниши мувофиқ нишон диҳанд.
Аз ин пештар мақолаи Рустам Абдуллоев, сарусадоҳои зиёдеро дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Аз ҷумла сиёсатшиносони қазоқ ба он вокуниши сахт нишон доданд. Дониёрр Ошимбоев, сиёсатшиноси қазоқ, гуфт, дар шароити кунунӣ беҳтар аст, Узбакистону Қирғизистон ба қаламрави Қазоқистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор шомил карда шаванд. Ба гуфтаи Ашимбоев, ин баҳамоӣ, як иттиҳоди сулҳомези Осиёи Марказӣ зери боли як миллати пойдортарин ба шумор хоҳад рафт.
"Узметроном”, як торнамои узбакӣ, зиёдаравӣ ва ин изҳороти ғайримантиқии академики узбакро нишонаи гирифтории ӯ ба бемории шизофрения дониста буд.