Сарбозони тоҷик машғули алафдаравию аскарҳои узбак машғули тоҷикрабоӣ?
Сокинони Панҷакент мегӯянд, дар ҳоле сарбозони тоҷик ба ивази 30 сомонӣ дар як рӯз ба алафдаравӣ барои заминдорҳо машғуланд, аскарони узбак бемонеа аз марзи Тоҷикистон, сокинон ва чорворо рабуда, ба қаламрави худ мебаранд.
Носсиҷуб Эшмуродова, як сокини Панҷакент, ки ахиран 5 тан аз наздиконашро марзбонони узбак рабудаанд, 15-уми июл дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, феълан сарбозони тоҷик дар сарҳад нестанд: “Онҳоро камандиронашон ба ивази 30 сомонӣ дар як рӯз барои даравидани алафи одамони заминдор равона мекунанд. Аз ин фурсат истифода карда, аскарҳои Узбакистон ба сарҳади Тоҷикистон даромада тоҷиконро бо сабабҳои гуногун бо худ мебаранд.”
Аммо мақомоти тоҷик дар рабуда шудани шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби марзбонони узбак, худи шаҳрвандони Тоҷикистонро гунаҳкор мегӯянд, ки гоҳе барои чарондани чорвою гоҳе барои даравидани алаф марзи ин кишварро убур мекунанд. Ин нуктаро дар суҳбат бо “Озодагон” Маҳбуба Гадоева, муовини раиси шаҳри Панҷакент, таъкид карда, афзуд, ки феълан байни ду кишвар гуфтушунидҳо идома доранд: “Дар назар аст пас аз ду рӯз ҷониби Тоҷикистону Узбакистон мулоқот намуда, ба созиш биёянд.”
Дар ҳамин ҳол Эшмуродова, сокини Панҷакент мегӯяд, “рӯзи 10 уми июн соати 18:00 дар ҷамоати Фароби ноҳия 20 нафар аскарҳои Узбакистон ба анборам даромаданд, набераам Мануҷеҳр Буриевро, зимни бастани дастаи алаф доштаанд. Пас аз он шавҳарамро Мардон Буриев, писарам Сулаймон Буриев, Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимовро боздошт карда ба Узбакистон бурданд. Он анборе ки мо дар он алаф гандум ва дигар ҷизҳо ҷой кардаем ба сарҳади Узбакистон ягон дахолате надорад. Мо ҳуҷҷат дорем ҳамасола андози худро месупорем.”
Баробари ин як моҳ қабл аз ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент, чор чӯпон, як пашмтароши гусфандҳо, 41 гов ва беш аз ду ҳазор гусфанд рабуда шуда буданд ва то ҳол озод нагардидаанд.