Ҳафтаи сипаришуда дар роҳҳои Тоҷикистон 17 нафар ҷон бохтанд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз 8-ум то 14-уми июли соли ҷорӣ дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар 17 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Тавре Маҳмадшариф Шамсов, масъули Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, ба “Озодагон” иттилоъ дод, дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 24 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 17 нафар ба ҳалокат расида, 29 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки аз аввали соли ҷорӣ то ба имрўз дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 658 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 210 нафар ба ҳалокат расида, 752 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.