Муҳлати охирини фаъолияти пойгоҳи низомии ИМА дар Бишкек 11-уми июли соли 2014 муқаррар шуд
Қирғизистон ва Амрико зери қарордоди бастани пойгоҳи низомии Вашингтон дар Бишкек имзо гузоштаанд.
Тавре расонаҳои қирғизӣ иттилоъ медиҳанд, рӯзи 11-уми июл дар ҷараёни музокироти ҳайати амрикоӣ бо намояндагони Қирғизистон ин қарордод ба тасвиб расидааст. Бар асоси он муҳлати охирини фаъолияти пойгоҳи низомии Амрико 11-уми июли соли 2014 зикр шудааст. Ин дар ҳолест, ки Амрико ҳамасола барои иҷораи пойгоҳи “Манас”, ки онро ҳамчун маркази логистикӣ барои Афғонистон истифода мебарад, ба Қирғизистон 60 миллион доллар медод.
Гуфта мешавад, бахши аъзами ҳарбиёни Амрико ҳангоми тарки Афғонистон то соли 2014 аз тариқи ҳамин пойгоҳ ба ватан хоҳанд баргашт.
ИМА соли 2001 пойгоҳи низомияшро дар “Манас” мустақкар намуд. Моҳи феврали соли 2009 Қурбонбек Боқиев, президенти пешини Қирғизистон эълон кард, пойгоҳи амрикоиро мебандад, аммо вақте Вашингтон арзиши иҷораи солонаро аз 17 миллион ба 60 миллион расонд, тасмимашро дигар кард.