Номаи хонанда: “Сомон-Эйр” маблағи маро барнагардонд...
Анна, як сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли як нома ба хабаргузории “Озодагон” навиштааст, ки ҳафтае пеш чашмаш ба эълоне бархӯрд, ки дар он гуфта мешуд, бо 387 сомонӣ харидани чиптаи ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе аз тариқи ширкати “Сомон-Эйр” имконпазир аст: “Чиптаро харидам, фикр кардам, арзон аст. Ба Хуҷанд парвоз кардам, ду рӯз пас бояд ба Душанбе бармегаштам. Аммо вақте, ба фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд омадам ба ман гуфтанд, ки дер кардаам ва ин як тарофаи махсус буд, ки бояд худи ҳамон рӯз ба Душанбе бармегаштам”.
Хонуми Анна ҳамчунин менависад, ки вақте ӯ чиптаро харидорӣ кард, ҳеч нафаре барояш дар мавриди “тарофаи махсус” маълумоте надод ва нагуфт, ки худи ҳамон рӯз бояд баргардад.
“Баъд аз муроҷиат, албатта ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” маблағи маро барнагардонд. Маҷбур шудам, боз бо ҳамон нарх барои бозгашт ба Душанбе чипта бихарам. Ман намефаҳмам, ин чӣ гуна бесоҳибӣ, дуруғгӯӣ ва масхара кардани одамон аст? Ин чӣ тарофаи бемаънӣ аст? Кӣ барои як рӯз ба Хуҷанд меравад? ”-менависад Анна.
Дар ҳамин ҳол, Ҷамила Расулова, корманди Маркази кор бо муштариёни ширкати “Сомон-Эйр” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки “тарофаи махсуси онҳо барои парвоз ба шаҳри Хуҷанд ва бозгашт аз моҳи апрели соли ҷорӣ амал мекунад ва то имрӯз касе аз он шикоят накардааст”.
Тавре дар торнамои расмии ин ширкат омадааст, қимати чиптаи яктарафаи хатсайри Душанбе- Хуҷанд 65 доллари амрикоӣ (тақрибан 320 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Инчунин тарофаҳое низ ишора шудаанд, ки тариқи онҳо шаҳрвандони муқимии Тоҷикистон имкони бо нархи 75 доллари амрикоӣ (380 сомонӣ) харидорӣ намудани чиптаи рафту гашти хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанеберо доранд. Аммо ба навиштаи ин торнамо муҳлати охирини парвоз ба Душанбе набояд дертар аз 72 соат бошад.
Аммо Ҷамила Расулова мегӯяд, бозгашт ба Душанбе дар ҳамон рӯзи парвоз ба Хуҷанд бояд сурат гирад: “Ҳангоми ягон нофаҳмӣ мусофирони ширкати “Сомон-Эйр” метавонанд бо телефони 44 640 40 74 тамос бигиранд”.