Пурсиши Озодагон: Рисолати имомхатиб чист?
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ
Имомхатиб бояд аз улуми исломӣ бохабар, мусалмони ботақво ва донандаи хуби фиқҳи исломӣ бошад. Фақат бояд ба хости Худо амал кунад ва ҷуз Худову расул касеро дар масҷид ҳамду сано накунад. Аммо ин чизҳое, ки ахиран муллоҳо дар минбар мегӯянд, хулосаи шахсияшон набуда, балки супориши ҳокимиятҳои маҳаллист. Кураторҳо аз ҷониби амният ин муллоҳоро назорат мекунанд. Мехоҳанд фаъолияти рақиби аслии ҳукумат ҲНИТ-ро дар ҷомеа қатъ намоянд. Зеро ҲНИТ дар тамоми дунё ҳамчун як ҳизби мӯътадил эътироф шудааст. Бинобар ин мехоҳанд ба воситаи имомхатибоне, ки хидматгори мансабдоранд, на бандагони Худо, фаъолияти ҲНИТ-ро гӯё ҳамчун яке аз талаботи ҷомеа қатъ кунанд. Зеро дар интихоботи парлумонии соли 2010 ҲНИТ аксарияти овозҳоро гирифта буд ва дар байни мардум ҷойгоҳи баланд дорад.
Сифатҳои аъзои ҳизби Худро Худованд дар Қуръон маълум кардааст, пас ҳизб дар Ислом ҳаст ва ташкили давлати исломӣ, ки паёмбар баъди ҳиҷрат ба Мадина оғоз намуд, як амали сиёсӣ буд. Аз ин рӯ муллоҳое, ки тутивор такрор мекунанд дар Ислом ҳизб нест, супориш анҷомдиҳандае беш нестанд. Бечораҳоеанд, ки барои ҳифзи курсӣ аз баҳри ҳамаи муқаддасоташон мегузаранд. Онҳо дар мулоқот бо президент бояд мегуфтанд, ки чаро рафтани ҷавонони то 18 соларо ба масҷид манъ кардед ва чаро ҳиҷоби духтаронро дар макотибу донишгоҳҳо манъ сохтед, ҳол он ки пӯшидани он барои духтарон талаботи шариъат аст. Чизе, ки воқеан талаботи Худост, аз президент напурсиданд ва дар муқобили чизе, ки Худо дар Қуръон фаъолияташро зикр кардааст, баромаданд.
Инҳо мулло ҳам нестанд, чун худи мансабдорон инҳоро интихоб кардаанд. Афродеро, ки шахсият ва ғурури исломӣ надошта, бешарафу беҳайсият ҳастанд, гирифта имомхатиб мондаанд. Дар маҷлисҳои ноҳияҳо ҳам ҳокимони маҳаллӣ инҳоро таҳқир мекунанд, ҳатто дар баъзе навоҳӣ инҳоро хару аҳмақ ҳам мегуфтаанд. Дар ноҳияи Ваҳдати мо ҳам инҳоро таҳқир мекунанду аммо онҳо ҷавобе намегӯянд. Пас, маълум мешавад, ки инҳо шахсият нестанд. ҲНИТ дар кишвар фаъолият кунад ё накунад инро қонун муайян мекунад. Барои инки фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон қонунӣ шавад шаҳиди бисёр доданд ва дар натиҷаи сулҳ фаъолияти ин ҳизб тазмин шудааст. Намешавад, ки ба ҳамин соддагӣ фаъолияти ин ҳизбро, ки охирин дастоварди сулҳ аст аз байн баранд ва баъди ин ҳам боз дар бораи сулҳу ваҳдат гап зананд.
Иршод Сулаймонӣ, устоди донишгоҳ
Рисолати як имомхатиб ба назари ман ҳамин аст, ки намози мардумро ба дурустӣ бигузорад ва дар рушди ахлоқии ҷомеа саҳим бошад. Нуктаи созиши шариат ва дунявиятро сарфаҳм равад ва мардумро аз ин огоҳ намояд. Ба ин васила ҳамин гуна бебандубории нозарурро, ки боиси дар мухолафат қарор додани шариат ва дунявиат гардиааст, барҳам зананд. Вале таассуфовар ин буд, ки дар ин мулоқот сатҳи пасти саводи як қисм имомхатиб ва муллоҳои мо ошкор шуд. То ҳатто таърихи исломро намедонистаанд, чӣ расад ба дигар донишҳои дунявӣ. Як имомхатиб бояд мардонагии ақлӣ дошта бошад ва қобилияти шинохтани дунёи имрӯз ва таҳлил кардани равандҳо ва ҳодисаҳои муосирро дошта бошад. Агар ин гуна қудратро надорад, мардумеро, ки аз пушташ намоз мегузоранд, наметавонад тарбияти дуруст кунад.
Бубинед ин хатибу муллоҳо ба тавсифу таърифи раиси ҷумҳур чуноне машғул шуданд, ки худи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аз ин шармид ва гуфт, ки бас кунед ва агар пешниҳод доред, бифармоед. Аммо ҳеч кадоме аз онҳо пешниҳоди ақливу фикрие надошт, ба ҷуз партофтани вожаи Ислом аз ҲНИТ. Онҳо дар бораи мушкилоти Тоҷикистон умуман ҳарф назаданд, дар масъалаҳои бебандубории ахлоқӣ, фурӯпошии хонаводаҳои ҷавон, афзоиши фоҳишагарӣ умуман фикр надоштанд, чӣ расад ба мушкилоти иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон. Агар онҳо аз ин дидори муҳим истифода мекарданд ва зеҳни раиси ҷумҳурро ба ҳалли мушкилоти кишвар машғул медоштанд, бисёр кори савоб буд, вале афсӯс, ки хестанду «шпаргалкаҳо»-и худро қироат карданду халос. Дареғи чунин як мулоқоти муҳим.
Онҳо дар ҳоле аз сиёсӣ шудани Ислом нигаронӣ мекунанд ва ҳадс мезананд, ки худ ба унвони объекти идеологӣ ва сиёсӣ қарор гирифтаанд. Ин таноқуз дар амал ва гуфтори ин мардум аз он дарк медиҳад, ки ин гуна имомхатибҳо (ва муллоҳо) намедонанд, ки сиёсат чист.
Мавлавии Муҳаммадалӣ, домулло
Касе инҳоро вазифадор кардааст, ки ин суханонро бигӯянд, набошад аз ҳамон саркардаи маҷлис то поин худашон намедонанд, ки ҳизби сиёсӣ худаш худро ташкил медиҳаду дар Вазорати адлия ба қайд гирифта мешаваду номашро худаш номгузорӣ мекунад. Касе, ки ба ин масоил дахолат надорад чи кор дорад ба номи як ҳизб. Дунё ҳамаш ҳизбу ҳаракатҳои сиёсист, ки фаъолиятҳои сиёсӣ дар кишварҳои озоду пешрафта доранд ва касе ба номи онҳо кор надорад. Фақат дар Тоҷикистон хиёл мекунӣ, ҳамаи мушкилоти дунё бар души ҳаминҳосту инҳо чунин ҳаққе доранд, ки номгузории ину он созмонро худ ҳал кунанд. Ин як нишонаи бесаводиву камфаҳмии сиёсии гӯяндагони ин суханҳост. Таассуфи мо ба афродест, ки дар онҷо иштирок доранду аз ин ҷараёнҳо бохабаранд аммо ақаллан намегӯянд, ки чунин беақлиро накунед. Як кас номи фарзандашро Исломуддин мегузорад ва ин ба касе рабте надорад.
Тибқи ҳадиси паёмбар агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст, гар хомуш нишинӣ гуноҳ аст. Дар ин мавзуъ агар камбудӣ бошад ҳақ доранд сухан гӯянд, аммо ба шарте, ки ин суханон сабаби рушди ҷомеа бошад. Агар исломро дар сиёсату фарҳангу иҷтимоъ ҷонибдорӣ кунанд мо хуш мешавем. Мо ташвиқ мекунем, ки як чизе ба номи ислом гуфта шавад. Вале аз номи ислом манъ кардан як бадбахтист ва онҳо худ бояд қазоват кунанд, ки чаро инқадар нисбат ба ислом нафрат доранд ҳатто намехоҳанд ҳаракати яке аз ҷарёнҳои қавии кишвар ба номи ислом бошад. Хатиб бояд исломро ба мардум пайванд диҳад на инки мардумро аз як гурӯҳ битарсонад. Ин як фитнагарист. Касе, ки носозгории ҷомеаро мехоҳад ингуна суханҳои дар онҷо шударо мегӯяд.
Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси шӯрои фатвои ҲНИТ
Аз нигоҳи Ислом вазифаи имомхатиб ин тарғиби ғояҳои исломӣ дар байни мардум аст. Вале мутаасифона дар ин вохурие, ки имомхатибон бо президент доштанд дар як қолаби аз пеш тарроҳишуда қарор дошта худашон намедонистанд, ки дар мавриди чӣ доштанд баҳс мекарданд. Вақте бо садои баланд аз минбар баромад мекарданд намедонистанд, ки ин мавзуъ ба онҳо дахл надораду онҳо ҳаққи дахолат ба ҳизбҳои сиёсиро надоранд.
Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ҷамъиятии "Перспектива+"
Имомхатибон, олимон, нависандаҳо ва шоирон ҳама аз ҳақиқат дуранду ба таърифу тавсиф машғуланд. Вазифаи имомхатибон чизи дигарест. Бояд дар ҳар масъалаи доғи рӯз аз ҷумла мушкилоти дин ҳатман як диалог бошад ва дар онҷо имомхатибон бояд баҳсу мунозира кунанд хусусан бо онҳое, ки аз баъзе масоил норозиянд. Маҳз ҳамин имомхатибон бояд мардумро даври ҳам оваранд ва барои ҳалли масъалаҳои муҳиме, ки дар ҷомеа пайдо шудааст кӯшиш намоянд. На инки таърифу тавсиф кунанд ё гуруҳеро таҳқир созанд. Суханоне, ки дар мавриди ҲНИТ ва аъзоёни онҳо зада шуд, баръакс мардумро аз ваҳдат дур мекунад. Вазифаи онҳо ҷомеаро ба роҳи дуруст таклиф кардан аст. Бинобарин ин маҷлис ҳам давоми ҳамон ҷаласаи равшанфикрон аст, ки мо интизоре аз он надорем.
Бурҳониддин Халилаллоҳ, домулло
Касе, ки аз қавонини парвардигор дур шуд, аз раҳмати Худо дур мешавад. Имомхатибоне, ки ҳастанд меросбарони пайғамбаранд. Сархатибоне, ки дар ҷомеаи 90 фоизаш мусалмони Тоҷикистон ингуна суханҳо мегӯянд, аз қонунҳои шариъат дуранд. Хатибони мо чизеро, ки Худованд гуфтааст бояд ба мардум бигӯянд. Инки мегӯянд Ислом аз сиёсату давлат дур бошад хатост. Барои ҳамин мо ба ин марҳила расидем, ки на ҳамсоя ба ҳамсоя ва на бародар ба бародар раҳм дорад.
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон
Имомхатибон дар мулоқоти ахир бо райисҷумҳур ба сиёсат дахле накардаанд ва онҳо дар мулоқот бо райисҷумҳури Тоҷикистон танҳо вазифаи инсонӣ, шаҳрвандӣ ва имонии худро иҷро кардаанд. Онҳо танҳо мавқеъгирӣ карданд, то аз Ислом гуруҳ ва ҳизбҳои сиёсӣ сӯистифода накунанд. Ҳамаи суханҳои имомхатибон дар доираи қонуни озодии виҷдон ва сарқонун буд.